• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

55МӮЪМИН ҚАНОАТ 20 майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷаҳон омадааст. Нахустин ашъорашро ҳангоми таҳсил дар мактаб-интернати Ғарм суруда, дар рӯзномаи ноҳиявӣ ба чоп расондааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод (1951) муҳассили факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, дар баробари омӯхтани донишҳои бунёдӣ, ҷиддан ба шеърофаринӣ машғул гардидааст. Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар муқоиса бо осори адибони бузурги ҷаҳон омӯхта, маҳз дар ҳамин айём ба зарфияту ҳинҷори «шеъри нав» даст ёфтааст.

Аз чунин тамринвораҳо чанд дафтар офарида бошад ҳам, дар нашрашон шитоб накарда, танҳо дар соли панҷуми таҳсилаш дар донишгоҳ намунае чанд аз онҳоро дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» ба дасти чоп расондааст. Силсилаи дигари ашъорашро, пас аз фосилае, моҳномаи «Шарқи Сурх» бо номи «Ситораҳои замин» интишор додааст, ки таваҷҷӯҳи аҳли завқу суханро ба ӯ, ҳамчун ба ҷавоне ҷӯяндаю ёбанда, ҷалб намудаанд. Пас аз хатми донишгоҳ (1956) вуҷудашро вақфи шеъру шоирӣ намуда, дар муддати 10 соли фаъолияташ дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» теғи қаламашро басо об додааст.

Соли 1968 муовини аввали Раис, солҳои 1976-1991 Котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, интихоб шудааст. Солҳои баъдӣ чанде Раис ва котиби Кумитаи сулҳи Тоҷикистон ва директори Пажӯҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, солҳои 1996-2000 муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст.

Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Шарора» (1960) дар фазои адабии аввали солҳои 60-уми асри мозӣ тозатарин падида ба ҳисоб рафта, маҷмӯаи дувумаш «Ситораҳои замин» (1963) болу пари эҷодашро ҷониби осмони беканораи сухан фарохтар сохтааст. Дар ашъори давраи аввали фаъолияти эҷодии шоири ҷӯянда симоҳои мушаххаси замони рушди илму техника мавриди тамҷиду ситоиш қарор гирифта бошанд ҳам, майдони андешаву бардоштаҳои шоир аз пешрафти ҳамарӯзаи зиндагӣ густардатар буда, паҳнаи фарохтареро тақозо дошт. Бинобар ин, ба жанри достон рӯй оварда, дар адабиёти тоҷику шӯравӣ ҳамчун достонсаройи забардасте шуҳратёр гардид.

Достони «Мавҷҳои Днепр» (1964) ситойишномаи рӯҳи баланди ватандӯстию инсонпарварӣ ва дӯстии беназири байни миллатҳои шӯравӣ буда, офаридгорашро дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ва берунтар аз он иштиҳор бахшид ва сазовори Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1966) гардонид.

«Достони оташ» (1966) ба тасвири сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Норак ихтисос ёфта, ҳаводиси он дар ҷараёни муборизаи нур алайҳи торикӣ, бо такя ба фалсафаи қадимаи тоҷикон ва бунёди олами нуронӣ аз ҷониби насли нав, сурат гирифтаанд, ки сабку сухани тозае дар адабиёти тоҷиканд.

Достони машҳури «Сурӯши Сталинград» (1975) садои рӯҳи қаҳрамонони зиндаву ҳалокшудаи муҳорибаи бемисли Сталинград, навҳаи ҷонсӯзи падару модарони фарзандгумкарда ва ҳушдори сахте барои пархошҷӯёни замони ҳозира мебошад, ки соли 1979 сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

Тавассути достони «Тоҷикистон – исми ман» (1977) дар бедории маънавии зиёиёни тоҷик нақши нозудуданӣ гузошт. Соли 1980 достони нави ӯ «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нойил гардид, ки саршори андешаҳои амиқи фалсафӣ буда, ҳамагонро даъват ба шинохти бештару шоистаи ҳакими бузурги тоҷик, омӯзиши фарҳангу андешаи ғановотманду деринасоли миллӣ ва пайравӣ аз офаридгорию бунёдкории ӯ мекунад.

Достони «Падар» (1977) садои марди бедорзамирест дар оғӯши хомӯшиҳои кӯҳистони тоҷик, ки садои суннати аҷдодии эътирофу эҳтироми бунёду решаҳои ҳамхуниву ҳамгуниро ба гӯши ҳуши ҳамагон мерасонад. «Ситораи Исмат (1990) ҳамосаи фалсафист оид ба қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Исмат Шариф, ки намунаи дурахшону барҷастаи фидокорию сарсупурдагист дар роҳи ҳифзи Ватану ҳимояти нангу номуси инсонӣ.

«Масъудномаро»-ро давоми мантиқии «Ҳамосаи дод» (1996) метавон шумурд, зеро дар достони аввалӣ шоир аз набудани ҷаҳонпаҳлавоне изҳори таассуф карда бошад, то миллатро ба пирӯзию фаррухрӯзиҳо бирасонад, дар «Масъуднома», дар симои сипаҳсолори бузург Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони воқеъиро дарёфта, чеҳраи нуронию нерӯи армонияшро бо сухани сеҳрангези худ ҷилои раббонӣ бахшидааст.

Баргузидаи осори Мӯъмин Қаноат дар чандин баёзу маҷмӯаҳои дастҷамъии гуногунзабон, дар гулчини ашъори «Шарора» (1960), «Ситораҳои замин» (1963), «Роҳҳо ва болҳо» (1964), «Мавҷҳои Днепр» (1966), «Достони оташ» (1966), «Сурӯши Сталинград» (1979), «Осори мунтахаб» (дар ду ҷилд, 1982), «Гаҳвораи Сино» (1983), «Китобҳои захмин» (1983), «Ситораи Исмат» (1990), «Аз Бесутун то кунун» (1992), «Меҳри сипеҳр» (2007), «Сурӯши Сталинград» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, 2011), «Эътиқодим» (Тошканд 1981), «Колыбель Авиценны» (Маскав, 1982), «Сокровища братских республик» («Днепро», 1982), «Сталинград даусы» («Жалын», 1982), «Избранное» (Маскав, 1984), «Версур» (Кишинёв, 1985), «Сталинград дауси» (Фрунзе, 1982), «Гулчини ашъор» (Теҳрон, 1994), «Голоса Сталинграда» (Волгоград, 2014) ва ғ. дастраси умум гардонида шудаанд.

Намунаҳои осораш борҳо ба забонҳои русӣ, инглисӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ, лаҳистонӣ, испонӣ, муғулӣ ва ғ чоп шуда, ӯ ҳам дар тарҷумаи асарҳои бузургтарин адибони дунё ба тоҷикӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Хизматҳои шоёни Мӯъмин Қаноат дар рушди адабиёт бо ордену медалҳои зиёде қадршиносӣ шуда, ӯ соли 1991 сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон гардидаст.

Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37