• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

54НИЗОМ ҚОСИМ (Пури Ҷаҳонгир) 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд ёфтааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №9 ш.Норак, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси «филолог-журналист» хатм намудааст. Дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Садои мардум», шуъбаи танқиди маҷаллаи «Садои Шарқ», Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг, нашриёти «Адиб» кор кардааст. Солҳои 2006-2010 директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» буд. Аз соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон мебошад.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеъри «Хӯшаи шеър» (1984), «Хуни ситора» (1988), «Паровар» (1990), «Қаламҳой» (1997, 1998), «Барги саломи сабз» (2002), «Тафсири панҷ оҳ» (2008), «Маҳвора дар гаҳвора» (2008), «Кӯҳи садо» (ба хатти форсӣ, 2010), «Хомасӯзан» (2014), маҷмӯаҳои мақолаву очеркҳои «Шеър дар дил, шеър дар ҳалқ, шоири халқ» (2013), «Дили дарё» (2013), «Чорсӯ» (2013, 2014), «Аз ассалом то вассалом» (2014), «Бо сӯзҳо то созҳо» (2014) мебошад.

Асарҳои саҳнавӣ низ менависад, ки «Тилгиром», «Амир ва асир» (манзум), «Борони ашк» («Куруш ва Куруз»), «Абадзинда», «Ганҷи дил» (манзум), «Борбад» (манзум) аз он ҷумлаанд. Дар заминаи либреттоҳояш «Рустам ва Суҳроб» (оҳангсоз Талаб Саттор), «Борбад» (оҳангсоз Мустафо Бафоев), «Кони пурганҷ» (оҳангсоз Шуҳрат Ашӯров) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ду опера ва як оперетта таҳия гардидааст.

Мақолаҳои илмии оммавиаш – «Чаҳорҷӯи шодоб», «Равон магзар зи ҳар сатраш чу хома…», «Норавониҳои шеъри равон», «Фарзанди мост шеър…», «Давоми ду тақриз», «Абри эҳсони Худованд», «Меҳру сеҳри нақди шеър», «Гӯӣ осонаш, валекин нест осон гуфтанаш…», «Тақвими раҳгум», «Як соли нашрияи миллӣ», «Қонуни абадияти адабиёт», «Нусхаи оҳангар аз офаридаи заргар», «Дар сухан пинҳон ба мисли бӯи гул дар барги гул» ва ғ. бо тарҳи аёни масъалаҳои мавриди таҳқиқ, таҳлилу баррасии амиқ ва натиҷагириҳои дақиқашон ҷолибанд.

Дар бораи паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти устодон Айнӣ, Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Бозор Собир, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Убайд Раҷаб, Ашӯр Сафар, Гулрухсор, Сайф Раҳим, Атахон Сайфуллоев, Меҳмон Бахтӣ, Ҳилолиён Аскар, Нозирҷон Боҳирӣ, Насим Раҷаб, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Абдуманнони Насриддин, Абдувалӣ Даврон, Рустам Ваҳҳоб ва дигарон мақолаҳо навиштааст.

Ба эҷоди адибони насли ҷавонтар таваҷҷуҳи хоса дорад ва навиштаҳояш дар бораи бурду бохти эҷодиёти Озарахш, Ҳоруни Роъун, Абдуллоҳи Раҳнамо, Абдусаттори Раҳмон, Маҳтоб, Санавбар, Робия, Парда Ҳабиб, Сайёди Ғаффор, Шаҳобиддини Шуҷоъ, Илҳом Юнусов, Баҳром Раҳматзод ва дигарон далели онанд.

Намунаҳои ашъор, драма ва мақолаҳояш ба забонҳои халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарҷума ва чоп шудаанд.

Китобҳои М. Валек «Маҳруми ишқ» (ҳамроҳи Бозор Собир; 1986), Ҳ. Мистрал «Анвори тирамоҳ» (ҳамроҳи Гулрухсор; 1988), Ч. Айтматов «Пораабри сафеди Чингизхон» (2004), Ю. Марсинкявичус «Девор» (2005), С. Жусуев «Қанот ва Заррина» (Бишкек, 2004), Ли Чжаосин «Саду шаш барг» (ҳамроҳи Гулназар ва Сайидалӣ Маъмур; 2006), А. Вампилов «Хонае дилкушо, тирезаҳояш во сӯи саҳро» (пйеса; дар маҷмӯаи «Шикори мурғобӣ»; 2008), Ж. Қулмамбетов «Чингиз ва Бибисоро» (драма; дар маҷмӯаи «Ман қотилам»; 2012), «Чор қулла» (драмаҳои манзуми Софокл, Готси, Шекспир, Брехт; 2012) дар тарҷумаи ӯ ба табъ расидаанд.

Силсилаи шеърҳои А. С. Пушкин, Н. Ҳикмат, Р. Ҳамзатов, П. Городетский, Е. Евтушенко, Е. ДАлмаатовский, Р. Казакова, Г. Эмин, С. Капутикян, П. Ботсу, Э. Воҳидов, А. Орифов, М. Залите, Л. Бриедис, С. Суслова, А. Маҳкам, М. Ахмедов, Е. Шуваева-Петросян, М. Гонашвили, И. Переверзин, китоби достон ва шеърҳои О.Сулаймонов «Эй замин, таъзим кун бар одамин!» ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи пйесаҳои Софокл «Электра», Готси «Малика Тӯрондухт», Жан-Пол Сартр «Сафеду сиёҳ», Азиз Несин «Бикуш маро, ҷонакам!», А. Вампилов «Хонае дилкушо, тирезаҳояш во сӯи саҳро», А. Дударев «Говгум» дар театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ рӯи саҳна омадаанд.

Ширкатварзи ҷашнвораҳои байналмилалии шеър дар Алмаато ва Ереван, барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии шеъри форсӣ дар Исфаҳон, Машҳад ва Теҳрон, барандаи мукофоти озмуни «Шеъри Душанбе-90» аст.

Беш аз сад таронаи ватандӯстона ва лирикияш дар иҷрои ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ пайваста дар радиову телевизион ва маъракаҳои бузурги фарҳангӣ садо медиҳанд. Муаллифи сенария ва лаҳзаҳои бадеии бисёр ҷашнвораҳои ҷумҳурист.

Дар қироати комили радиоии ашъори Рӯдакӣ, «Шоҳнома», «Маснавӣ» (солҳои 1995-2009) ширкат варзидааст.

Мураттиби маҷмӯаҳои ашъори Умари Хайём «Дувист рубоӣ. Двести рубаи» (1995), «Норак, муборак!» (2000), Бозор Собир «Шоиру шеъре агар ҳаст…» (2007), яке аз мураттибони маҷмӯаҳои ашъори дастҷамъии «Чил қалам» (намунаи шеъри навқаламон, 1985), Н. Нодирпур «Мурғи офтоб» (1995), «Як сарзамин муҳаббат» (намунаҳои шеъри тоҷикии сад соли охири Афғонистон; 2005), «Баёзи меҳр» (намунаҳои шеъри муосири киш­варҳои форсизабон, 2006), «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ (2010) ва муҳаррири даҳҳо китоби мансуру манзум аст.

Барои китоби ашъори «Барги саломи сабз» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2006) гардидааст. Шоири халқии Тоҷикистон (2014).

Узви Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шӯрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Фаъолияти адабию ҷамъиятияш бо медалҳои «Хидмати шоиста» (2001) ва «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37