• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

50АМИНҶОН ШУКӮҲӢ (Ҳоҷибоев Аминҷон) 10 июни соли 1933 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми курси муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳия омӯзгорӣ кардааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мақомоти умури дохила хидмат кардааст. Солҳои 1947-1952 мудири шуъба, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» будааст. Соли 1955 факултаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС-ро ба поён расонда, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» таъин шудааст. Солҳои 1961-1967 дар вазифаҳои котиб ва ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурда, сипас, то охири умр, раиси Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ будааст.

Нахустин шеъраш соли 1942 дар газетаи «Стахановчӣ» ба табъ расидааст. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медоданд ва бо забони соддаю равонашон ҷозиб буданд. Ҳамин хусусиятҳо дар ашъори маҷмӯаҳои «Ватани сулҳ» (1952), «Рӯзҳои мо» (1954-1955), «Садои дил» (1956), достони «Кӯчабоғи ошиқон» (1962), силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), «Арзи қалам (1971), китоби дубайтию рубоиҳои «Чормағз» (1973) ва ғ. боз ҳам тақвият ёфта, шуҳрату маҳбубияти муаллифашонро дар миёни мардуму аҳли қалам таъмин доштаанд.

Баргузидаҳои ашъори муаллиф баъди сараш дар гулчину маҷмӯаҳои «Кӯчабоғи ошиқон», (1984), «Шохаи райҳон» (2003) ва «Баргҳои тиллоӣ» (2014) ба табъ расидаанд.

Ба туфайли маҷмӯаҳои ашъори «Ил-18 омад» (1968), «Баррачаи дупо» (1964), қиссаҳои «Об аз куҷо меояд?» (1969), «Асад ва Самад» (1972) бачаҳоро бо воқеаҳои мухталифи зиндагӣ ва шахсони гуногунхислат ошно гардонда, дар шинохти неку бад имдодашон расондааст.

Аввалин асари мансури нисбатан калони ӯ ҳикояи «Шаҳло» буд, ки соли 1964 ҳамроҳи Ҳилолиён Аскар навиштааст. Баъдан, дар ҳамқаламии А.Ҳилолиён қиссаҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ» (1967), романи «Печутоби роҳҳо» (1977-1978) ва «Садафи сиёҳ» (1974)-ро пешкаши хонандагон намудааст. Худ боз муаллифи қиссаи «Парии ҷазира» (1973) аст.

Яке аз устодони мумтози шеъри лирикии тоҷик ба ҳисоб рафта, бисёре аз шеърҳояш оҳангбандӣ шуда, ба таронаҳои маҳбуби мардум табдил ёфтаанд.

Драмаҳои «Кӯчабоғи ошиқон (1964), «Шабҳои фироқ» (1968), «МИВО» (1970), либреттои операи «Бозгашт» (1967), ки ба қалами ӯ тааллуқ доранд дар саҳнаҳои театри Душанбею Хуҷанд мавриди намоиш қарор гирифтаанд. Дар заминаи қиссаи «Об аз куҷо меояд?» филми бадеӣ ҳам офарида шудааст, ки мақбули умум аст.

Баъзе аз навиштаҳояшро ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп кардаанд. Худаш осори алоҳидаи А.С.Пушкин, М.Ю.Лермонтов, О.Райнис, В.Сурков ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1965) буда, бо ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва як «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.

Соли 1994 сазовори унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон (пас аз маргаш) гардидааст.

Аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

10 июни соли 1979 дар Душанбе аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37