• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

48РУСТАМИ ВАҲҲОБ 5 майи соли 1960 дар деҳаи Капалии ноҳияи Тоҷикобод мутаваллид шудааст.

Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба ҳайси аспирант ва устоди донишгоҳи номбурда ба фаъолият пардохтааст.

Ҳамзамон, мухбири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», солҳои 1991-1992 котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг», солҳои 1994-2006 дар Донишгоҳи улуми инсонии Бишкек устоди забон ва адабиёти форсӣ будааст.

Аз соли 2007 дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, роҳбари маҳфили адабии донишгоҳ аст.

Котиби масъул ва мудири бахши назм ва нақди адабии маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» мебошад.

Соли 2008 дар мавзӯи «Таҳаввули поэтикаи вазн ва ритми шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, онро ба гунаи дастури таълим ба чоп расондааст.

Муаллифи ду дафтари шеър – «Калимаҳо» (1990) ва «Шаҳри Хуршед» (2008) аст.

Барои маҷмӯаи «Шаҳри Хуршед» Барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст.

 Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст. Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» (Теҳрон, 2014) ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ» (бо тавзеҳот ва таълиқот) аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст.

Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.

Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37