• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

        

47

         

       ЁДГОРӢ, ШОҲҲАЙДАР 20 марти соли 1942 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст.

Соли 1968 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Аз ҳамон сол дар соҳаи журналистика ба кор пардохта, дар вазифаҳои муҳаррири студияи телевизион, мухбири рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маориф ва маданият», муҳаррири калони сарредаксияи Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб фаъолият доштааст.

Солҳои 1986-1988 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.

Баъдан мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» будааст.

Алҳол саргарми фаъолияти эҷодист.

Нахустин шеъру ҳикояҳояш дар давоми солҳои 1959-1960 ба табъ расидаанд.

Муаллифи китобҳои очерки «Машъали саҳро» (1977), «Ситораи шуҳрат» (1979), «Даъват» (1981), «Иттиҳодияи «Ховалинг» (1982), «Шӯҳрат» (1986) ва ғ. мебошад.

Танзиму таҳийяи мероси бозмондаи адибони шодравон аз заҳматҳои шоёни ӯстанд.

«Мероси ҷавонӣ»-и Ғ. Сафарзода (1978), «Пайванди ҷон»-и С. Вализода (1981), мунтахаботи дуҷилдаи «Зи нав зинда шавем!» (1985) ва «Армуғон» (1987)-и Ҳ. Файзулло, «Ҷавонӣ»-и Ғ. Сафарзода (1986), «Куллиёт»-и Ҳ.Файзулло (1995) дар таҳийя ва бо сарсухану тавзеҳоти ӯ ба табъ расидаанд.

Китобҳои «Таняи револютсионер»-и Е. Верейская (1978), «Ҳикояҳо барои бачагон»-и Г.Карославов (1981)-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved