• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

43ДОРО НАҶОТ 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1961 фориғуттаҳсили мактаби мутавасситаи зодгоҳаш гашта, солҳои 1961-1966 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод таҳсил кардааст. Хидмати аскариро ба ҷой оварда, дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ кор кардааст. Соли 1978 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор ба кор шурӯъ карда, то соли 1991 дар вазифаҳои гуногун фаъолият бурдааст. Моҳи марти соли 1991 сардабири «Сомон» – ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъин шуда, баъдан то нафақа баромадан корманди Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти эҷодии Доро Наҷот дар авохири солҳои шастум оғоз ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Соҳиби кӯҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулӯъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2013) ва ғ. мебошад.

Муаллифи рисолаи «Шайх Абулқосими Гургонӣ»-ст, ки дар авроқи он масоили марбут ба таърихи тасаввуф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтаанд.

Фарҳанги «Доро»-и ӯ (2012) луғатномаи тафсирии навини беназирест, ки шарҳи беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи форсии тоҷикиро дар бар гирифта, суннати деринасоли фарҳангофаринии миллиро тадовим бахшида, дар тарвиҷу таҳкими минбаъдаи забони муштараки форсизабонони ҷаҳон ҳиссаи даркорӣ хоҳад гузошт.

Доро Наҷот ба сифати яке аз муваффақтарин гӯяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф гардида, соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Ашъори алоҳидаи ӯ ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва дар бархе нашрияҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расидаанд. Як идда аз ашъори А.Блок, Ф.Тютчев, А.Ахматова, В.Соколов, М.Дудин, шоири украин Д.Павличко ва шоири ӯзбек Омон Матчонро ба тоҷикӣ гардондааст.

аз соли 1987 узви иттифоқи нависандагони тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37