• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

41КИРОМ ОСТОНЗОДА 15 январи соли 1935 дар деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1953-1955, дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд, солҳои 1956-1959 дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дониш андӯхтааст.

Солҳои 1956-1961 сарвари мактаби миёнаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии зодгоҳаш, аз соли 1961 то охири умр омӯзгори забон ва адабиёти мактабҳои Душанбе будааст. Бо ташаббуси ӯ, соли 1997, дар Гимназияи №5 ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт маҳфили адабии «Ғунчаҳои умед» ва соли 2001 маҳфили адабии «Ошёни баланд» бунёдгузорӣ шудаанд.

Дар ҳамин замина, бо кӯшишу эҳтимоми ӯ маҷмӯаи дастҷамъии ашъори навқаламон «Ғунчаҳои умед» (1999), гулчини шеърҳои Рустами Сомонфар «Ахтар» (2000) ва мунтахаби ашъори навқаламони тоҷикзабони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Эрону Афғонистон «Накҳати меҳр» (2001) интишор ёфтаанд.

Соли 1988 дар мавзӯи «Низоми арӯзи тоҷикӣ ва таҳаввули он» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Дар бахши арӯз беш аз панҷоҳ мақолаи илмию методии ӯ дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва қомусҳо мунташир гардидаанд.

Намунаҳои ашъори ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш» (1973), «Риштаборон» (1984), «Дархост» (1992), маҷмӯаҳои алоҳидаи «Рубоиёт» (1998), «Оинаи дил» (2003) ва «Сарчашмаи меҳр» (2004) дастраси хонандагон гардидаанд.

«Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Ветерани меҳнат», «Муаллим-методист».

Аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2004 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

6 ноябри соли 2013 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37