• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

39ЛЕОНИД ПАШЕНКО 20 феврали соли 1936 дар шаҳри Тирасполи Молдавия ба ҷаҳон омадааст. Хонадонашон солҳои ҶБВ ба Тошканд кӯчидааст. Соли 1959 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошкандро хатм кардааст. Дар рӯзномаҳои гуногуни Ӯзбекистону Тоҷикистону Молдова кор кардааст. Мудири шуъбаи моҳномаи «Звезда Востока» (Тошканд) ва котиби масъули журнали «Помир» будааст.

Аввалин шеъру очеркҳояш аз солҳои донишҷӯ буданаш чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаи шеъру очеркҳои «Страна синей птицы» (1971), қиссаи мусаннади «Книга степи» (1974), шеъру достонҳои «Площадь Путовского» (1978), «У подножья солнца» (ҳамроҳи М. Муллоҷонов; Киев, 1980), «Простые слова» (1983) ва ғ. мебошад.

Филмномаҳои «Ашт – замини ман» ва «Противогаз барои саворон» аз навиштаҳои дигари ӯстанд.

Ашъори алоҳидаи М. Миршакар, М. Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, қиссаи Сорбон «Занги аввал»-ро ба русӣ гардондааст.

Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва ба забонҳои фаронсавӣ, тоҷикӣ, лаҳистонӣ, украинӣ чоп шудаанд.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1996 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37