• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

38ҶАМШЕД ПИРИМ 25 апрели соли 1948 дар деҳаи Майдончаи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №4 ба номи С. Айнӣ ба факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод дохил шуда, соли 1971 ба итмом расондааст. Сипас дар мактаби деҳа муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ будаааст.

Соли 1979 ба идораи рӯзномаи «Совет Тожикистони» даъват шуда, то соли 1997 фаъолият бурдааст. Дар Телевизиони Тоҷикистон нахустин барномаи ӯзбекии «Дидор»-ро ташкил намуда, солҳо барандаи он будааст.

Ҳоло сармуҳаррири газетаи «Қадрият», ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Суғд ёғдуси», мудири бахши адабиёти ӯзбеки шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Нахустин шеърҳои Ҷамшед дар давраи мактабхонияш эҷод гардида, баъдан дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои «Шарқ юлдузи», «Ёшлик», «Ӯзбекистон адабиёти ва санъати», алманахи «Ёшлик» чоп шудаанд. Се қисса ва чанд ҳикояи Фазлиддин Муҳаммадиев, маҷмӯаи ашъори Сайидалӣ Маъмур, шеърҳои алоҳидаи Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ, Гулрухсор, Бозор Собир, Зулфия Атойӣ ва Неъмат Оташро ба ӯзбекӣ гардондааст.

То имрӯз китобҳои ӯ «Майса ҳиди», «Ёруғ сӯз», «Хазонрез кунлар», «Бӯладиган эл», «Зангорӣ янроқлар», «Корвон», «Ассалом, муаллим!», «Қаҳрамонлар лақтаншини билмайди», «Тош китоб», «Сайҳун мавжлари», «Гийра моҳ», «Эртага кеч бӯлади», «Ишқ жоми», «Чорбоғ ва Чорбоғликлар», «Элимдан айланай, элимдан!», «Кӯнгил кӯзгуси», «Ибодат», «Сайланма» ва ғ. дастраси хонандагон гардидаанд.

Аълочии маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ.

Узви Иттифоқи журналистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1988) аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37