• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

37АКБАР ПИРӮЗӢ (Қосимов Акбар) 14 сентябри соли 1947 дар гузари Ашӯрмуҳаммади шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Солҳои 1954-1965 дар мактаби миёнаи №3 шаҳри Самарқанд таҳсил кардааст. Соли 1965 вориди факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишери Навоӣ шуда, соли 1970 бомуваффақият хатмаш кардааст. Баъдан, солҳои 1970-1978, роҳбалад-тарҷумони шуъбаи «Интурист», солҳои 1978-1980 референти Университети марксизм-ленинизм, солҳои 1980-1984 роҳбалад–мутарҷими Бюрои сайёҳӣ, солҳои 1984-1990 референти Ҷамъияти «Дониш», солҳои 1990-1993 мудири шуъбаи маънавиёти рӯзномаи «Самарқанд», солҳои 1993-1995 масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Самарқанд», солҳои 1995-1998 мутахассиси ҳокимияти давлатии ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд будааст. Аз соли 1998 то ҳол роҳбалад-мутарҷими фирмаи сайёҳии «Самарқанд-Бизнес-сентр» мебошад.

Аз соли 1965 шеърҳояш дар матуботи даврии Ӯзбекистону Тоҷикистон нашр мешаванд. Шеърҳои ҷудогонааш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Риштаборон», «Чил қалам», «Гулдастаи Самарқанд» ва «Каҳкашони орзу» чоп шудаанд. Маҷмӯаи алоҳидаи шеърҳояш «Тӯфони дил» соли 1991 ба дасти хонандагон расидааст.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved