• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

35ҲИКМАТ РАҲМАТ 15 майи соли 1938 дар деҳаи Ҳафттахтаи ноҳияи Ҳисор таваллуд ёфтааст. Дар хурдсолӣ бепадар монда, дар интернати давлатии ноҳия парвариш ёфтааст. Фаъолияти меҳнатиро, баъди хатми мактаби миёна, моҳи октябри соли 1954, ҳамчун муаллими мактаб оғоз намудааст. Сипас, соли 1955, донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, баъди хатми он, соли 1959 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар бахши фолклоршиносӣ ба кор шурӯъ кардааст. Солҳои 1961-1964 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Баъдан дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба кор пардохта, сипас ба кори матбуот гузаштааст. Қариб сӣ сол дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» («Газетаи муаллимон» – «Омӯзгор») кор карда, ойид ба масоили гуногуни таълиму тарбия, ҳаёт ва фаъолияти кормандони маориф мақолаву очеркҳои зиёде ба табъ расондааст. Аз соли 2000 нафақагир, ҳамзамон, ёвари раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дар соҳаҳои гуногуни эҷодиёт, аз ҷумла, шоирӣ, тарҷумонӣ, рӯзноманигорӣ, драманависӣ ва пажӯҳишгарӣ қувваозмоӣ кардааст. Шеъру достонҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳо, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва китобҳои «Гулбарг» (1987), «Занги оина» (1992), «Шабоҳанг» (1996), «Паймони вафо» (1998) ва «Шукӯфаи сарнавишт» (2009) чоп шудаанд. Достони «Соланг», ки ба бинокорони нақби Соланг (Афғонистону Шӯравӣ) бахшида шудааст, дар Афғонистон ҳам ба табъ расидааст.

Муаллифи пйесаҳои «Гардиши айём», «Вазири Ҳамадон ё худ дар паноҳи ишқ» ва «Аёдат» мебошад, ки аввалинаш соли 1997 аз ҷониби Театри халқии Ҳисор рӯи саҳна оварда шудааст. Дувумаш дар даҳ шумораи охири соли 2000-и нашрияи «Омӯзгор» ба табъ расида, савумаш соли 2001, ба муносибати 90-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода, аз тарафи Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ дар шакли радиотеатр пешкаши шунавандагон гардонида шудааст.

Ин пйесаро Театри давлатии академии ба номи А. Лоҳутӣ ҳам соли 2012 рӯи саҳна овардааст.

Китобҳои «Барф асту барф»-и А. Блок, «Харгӯши сайёд»-и И.А. Крилов, «Оё рост аст, ки мо абадӣ мемонем?»-и С. Козлов, «Санавбари хандон»-и Ю. Марсинкявичус, «Бобои ман»-и Р. Ҳамзатов, «Тавлиди гражданин»-и В. А. Сухомлинский, «Нақши Коммуна»-и Э. Потйэ, «Ҳиммати мард»-и М. Ҷалил, «Ғунчаи нашкуфта то лаб во кунад…»-и О. Лосева, «Эъҷози табиат»-и А. Пӯлодов, достони «Университети Қазон»-и Е.Евтушенко, қиссаи «Хонае дар Шероз»-и Агата Кристи, гулчини ашъори панҷ шоири Ҳиндустон («Таронаҳои Панҷоб») ва ғ. аз ҷумлаи тарҷумаҳои Ҳикмат Раҳматанд.

 Шеъру мақолаҳои алоҳидаи худаш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, қирғизӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Ба кори таҳия ва таҳқиқи илмӣ низ шуғл варзидааст, ки рисолаи «Шоири халқ Бобоюнус Худойдодзода», баёзҳои «Базми гулҳо» ва «Зиндаёд», бештар аз 150 мақола ойид ба адабиёти ниёкону муосир ва эҷодиёти шифоҳии мардум самараи онанд.

Барои китоби «Овози ёре аз ҳар диёре»(2009) сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1998), Ифтихорномаи ҳукуматӣ (1988), нишони Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ (1988), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1976), медали «Ветерани меҳнат» (1987) сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37