• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

33ПИРИМҚУЛ САТТОРӢ 1 августи соли 1938 дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Сипас ходими адабии рӯзномаҳои ноҳиявии «Вахш»-у «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» будааст.

Дар шаҳри Қурғонтеппа маҳфили адабии «Гулбарг»-ро таъсис дода дар давоми солҳои зиёд дар тарбияи адибони ҷавони вилоят то таъсисёбии шуъбаи ИН Тоҷикистон дар ин минтақа ҳиссаи арзанда гузоштааст.

Аз солҳои донишҷӯйӣ машқи қалам мекардааст. Иддае аз шеърҳояш дар матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ва мустақили «Пайғом» (1979), «Боли парвоз» (1986), «Хӯшаи Парвин» (1989) «Дуди ҳасрат» (1993; дар ҳамкорӣ бо А. Муродӣ) ба чоп расидаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бар асари фоъиаи миллӣ – ҷанги шаҳрвандӣ, соли 1993 ба ҳалокат расид.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37