• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

СИЁВУШ (Муҳаммадалӣ Ҷалилов) 20 июли соли 1963 дар деҳаи Коминтерни ноҳияи Бохтар ба ҷаҳон омадааст. Соли 1985 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас корманди Маркази вилоятии омӯзиши фарҳанги мардум (Қӯрғонтеппа), ёвари таҳиягари Театри мусиқию мазҳакавии Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов будааст.

Шеърҳояш аз соли 1985 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Чашмаи савоб» (1990) ва «Ғамгинтар аз борон» (2004) мебошад. Силсилаи шеърҳояш дар матбуоти Эрон низ ба табъ расидаанд.

Театри мусиқии мазҳакавии Қӯрғонтеппа (1990) драмаи «Фариштаҳо»-яшро ба саҳна гузоштааст.

Аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved