• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

32ГУЛЧЕҲРА СУЛАЙ­МОНӢ 1 январи соли 1928 дар Бухоро, дар оилаи шоири машҳури тоҷик Пайрав Сулаймонӣ, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1947 факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Бухороро хатм кардааст.

Соли 1948 Душанбе омада, муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгории Душанбе, ходими адабии рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», моҳномаи «Машъал», мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», мудири шуъбаи нашриёти «Маориф», муовини сармуҳаррири моҳномаи «Занони Тоҷикистон» будааст.

Шеърҳояш аз соли 1946 чоп шудаанд. Асосан барои бачаҳо эҷод карда, дар қатори беҳтарин адибони кӯдакони тоҷику шӯравӣ ҷой гирифтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои «Имрӯз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «Чархофалак» (1971), «Чил кокул» (1972), «Себи хубонӣ» (1974), «Тори марҷон» (1976), «Илҳом» (1977), «Тирукамон» (1979), «Вақте ки лолаҳо мешукуфанд» (1982), «Сичароғ» (1988), «Куртаи чакан» (1989) ва ғ. мебошад.

Чанд китоби шеърҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Гулчини ашъораш ба забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ, украинӣ, белорусӣ, молдовӣ ва чехӣ ҳам ба чоп расидаанд.

Ашъори бисёр адибони маъруфи бачагони халқҳои бародар, монанди Ҷ. Ҷабаев, С. Маршак, А. Барто, В. Инбер, С. Михалков, Қ. Муҳаммадӣ, С. Капутикян, Зулфия, М. Малтсева ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Дар матбуот мақола, очерк ва ҳикояҳои хурди лирикиаш пайваста чоп шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1977), Шоири халқии Тоҷикистон (1988) будааст.

Бо ордени «Дӯстии халқҳо» (1986) ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

5 апрели соли 2003 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37