• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

30СЕРГЕЙ СУХОЯН 14 феврали соли 1932 дар кишвари Кубани Русия ба ҷаҳон омада, солҳои тӯлонист, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ дорад. Соли 1955 факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Тоҷи­кистонро хатм карда, аз ҳамон вақт дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳурӣ кор мекунад. Солҳои 1995-1997 муҳаррири шӯъбаи назм, 2001-2004 котиби масъули маҷаллаи адабӣ-бадеии «Помир» будааст.

Ду маҷмӯаи ашъори Сергей Сухоян дар нашриёти «Дониш» ва «Адиб» ба чоп расидаанд. Китоби ҳикояву очеркҳои Ҳ.Файзиев «Дар ҷанг ва баъди ҷанг» («На войне и после войны», 1988), маҷмӯаи ҳикоёти ҳаҷвии А.Маҳмадшоҳ «Фиреби назар» («Обман зрения», 2001) дар тарҷумаи ӯ нашр шудаанд.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved