ЗАФАР СӮФИИ ФАРҒОНӢ (Сӯфиев Ӯрмонҷон Рауфович) 14 июли соли 1964 дар деҳаи Демирсади ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба ҷаҳон омадааст. Соли 1988 мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Фирдавсиро ба поён расондааст. Ҳамон сол донишомӯзи бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд шуда, соли 1986 соҳиби диплом гаштааст. Дар ин миён, шаш моҳ, дар Донишгоҳи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав) низ таҳсил доштааст.
Пас аз хатми донишгоҳ соле роҳбари маҳфили «Эҷодкорони ҷавон»-и Хонаи пешоҳангони шаҳри Самарқанд будааст. Баъдан, охири соли 1987 ба Душанбе омадааст ва дар Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, Театри лӯхтак, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Хуросон» (Ҷумҳурии Исломии Эрон) фаъолият бурдааст. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» аст.
Навиштаҳояш аз соли 1982 дар расонаҳои хабарӣ чоп мешаванд.
Муаллифи китобҳои ашъори «Наҷво» (1991), «Пажвоки дардҳои гунг» (2000) «Пушти пардаи пиндор» (2003) ва «Садои сукут» (2006) аст, ки дар Душанбе, Теҳрон ва Машҳад интишор ёфтаанд.
Дар бахши тарҷума низ корҳое анҷом додааст, ки намунаи он ду филми бадеӣ ва чанд намоишнома мебошад, ки бархе аз онҳо то ҳол дар Театри лӯхтаки пойтахт ба номоиш гузошта мешаванд.
Чанд шеъри мансури шоири латиш Имант Зиёдонис ва шоирони ӯзбек Рауф Парфӣ ва Муҳаммад Солеҳро ба тоҷикӣ гардондааст.
Намунаҳое аз шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, литвонӣ, фаронсавӣ ва инглисӣ баргардон ва чоп шудааст.
Аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.