• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

20КАРИМ ҲАЙДАР 6 январи соли 1961 дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 факултаи филология руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро хатм карда, аз ҳамон солҳо ба шеърнависӣ пардохтааст.

Аз соли 2006 мудири шуъбаи русии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ва муаллифу барандаи «Панорама»-и он аст.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Овози ниёкон», «Нафаси ишқ», «Шаҳри афсона», «Овози виҷдони халқ», «Ишқи оташпараст», китобҳои публитсистии «Дар тамоми ҳаёт» ва «Комиссари ҳарбӣ» мебошад. Чанде аз мақолаву ашъори ӯ дар матбуоти кишварҳои муштаракулманофеъ интишор ёфтаанд.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор асарҳои назмиву насрии адибони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона як идда шеърҳояшро ба тоҷикӣ гардондааст.

Муаллифи як идда филмҳову барномаҳои телевизионӣ, монанди «Штирлеси тоҷик», «Дар тамоми умр», «Маликушшуаро», «Туро дӯст медорам, забони модариам!», «Данғара – боғи ҳамешасабз», «Илҳом», «Симои нотакрор», «Даъват ба ҳамкорӣ» ва ғ. мебошад.

Аз соли 2006 узви Итифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37