• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

19МАҲМАДАЛИШОҲИ ҲАЙДАРШО 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ зода шудааст. Соли 1948 Омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ, соли 1955 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳанӯз овони донишҷӯй буданаш дар маҷаллаи «Пионер» (баъдҳо «Машъал») кор карда, баъди хатми донишгоҳ фаъолияташро дар «Бадахшони Советӣ» идома бахшидааст.

Солҳои 1963-1965 шунавандаи Мактаби олии ҳизбӣ дар Маскав буда, баъди хатми он дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳозира «Ҷумҳурият») ба ҳайси узви ҳайати таҳририя, мудири шуъбаи пропаганда, сипас муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи рӯзномаи «Маориф ва маданият», мудири шуъбаи журнали «Коммунисти Тоҷикистон», мудири шуъбаи журнали «Хорпуштак» адои хидмат намудааст.

Аввалин шеъраш «Меҳри Октябр туро обод кард» дар «Бадахшони Советӣ» (7 ноябри соли 1947) чоп шудааст. Нахустин китоби шеърҳои барои бачагон офаридааш «Ҳамсинфони ман» соли 1958 интишор ёфтааст. Минбаъда ашъори барои бачагон офаридааш дар маҷмӯаҳои «Бачаҳои Маскав» (1971), «Дарё омад» (1976), «Кӯҳи Лаъл» (1982), «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1986) ва ғ. мунташир гардидаанд.

Самараи фаъолияти нимасраи эҷодии ӯ дар маҷмӯаҳои «Сарои Баҳор» (1967), «Гулхандаи замин» (1974), «Помири ман» (1978), «Баёзи сангин» (1988), «Хонаи обод» (1994), «Сад ғазал» (2002), «Кӯҳдомани сабз» (2003), «Ин пишак чӣ мегӯяд?» (2010) ва ғ. фароҳам омадаанд.

Офаридаҳои ҳаҷвии ӯ дар китоби «Хористон»-и «Хорпуштак» интишор ёфтаанд, ки дар пайравии «Гулистон»-и Саъдӣ навишта шудаанд. Шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳои дигари ӯ дар маҷаллаҳои «Хорпуштак» ва ҳафтаномаи «Мушфиқӣ» ба табъ расидаанд.

Маҳмадалишоҳи Ҳайдаршо ба ҳайси рӯзноманигор ҳам собиқаи ғанӣ дошта, бахше аз очерку мақолаҳои публитсистии ӯ дар маҷмӯаи «Се насли омӯзгорони Бадахшон» (1991) ба табъ расидаанд.

Дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ низ қувваозмойӣ карда, ашъори алоҳидаи шоирони рус С.Маршак, С.Шипачёв, К.Симонов, Н.Доризо, чанд шоири Литва, Арманистон ва Озарбойҷонро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо Ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (1964, 1978) ва унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1959 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

25 сентябри соли 2014 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37