• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

17МАВҶУДА ҲАКИМОВА 5 майи соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба рӯзноманигорӣ машғул шудааст. Аввал ходими адабӣ, баъд муҳаррири газетаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» (1962-1970), сипас сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1970-1971) ва маҷаллаи «Фирӯза» (1985-1990) будааст.

Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» ва «Пионери Тоҷикистон» чоп шудаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Суруди саҳар» (1964), «Илҳом» (1970), «Мошини мошинсавор» (1972), «Ба сӯйи нур» (1976), «Набзи роҳ» (1977), «Тӯйи баҳор» (1980), «Диёри муҳаббат» (1987), «Бӯйи баҳор» (2002) ва ғ. мебошад.

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Мошин дар мошин» (1972), «Қатраи Офтоб» (дар тарҷумаи ӯзбекӣ; Тошканд, 1975), «Наш Нурек» (1975), «Дастони моҳир» (1978), «Баҳори шукуфон» (1980), «Шаршара» (1982) ва «Кто красивый» (1982) барои бачагон офарида шудаанд.

Намоишномаҳои «Зистан мехоҳам» (1973), «Сояи гуноҳ» (1975), «Интизорӣ» (1975), «Зафар» (1979), «Ҳабиба» (1980), «Дунёи равшан» (1982), «Лолаҳои сафед» (1984) ва «Панди дарё (2012), «Афсонаи солинавӣ» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Бо орденҳои «Нишони фахрӣ» ва «Дӯстии халқҳо», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин» ва Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1992 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37