• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

15АҲЛИДДИН ҲИСОРӢ 15 апрели соли 1954 дар деҳаи Порбоғи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфтааст. Солҳои 1972-1977 дар факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Баъдан корманди
Нашриёти давлатии «Ирфон» (1977-1978) ва Музейи таъриху кишаваршиносии ба номи Беҳзод (1978-1980) будааст. Солҳои 1978-1980 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (1980-1989), Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон (1989-1998) ва Шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (солҳо 1998-2008) фаъолият доштааст. Аз соли 2004 директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Солҳои 1984-1978 дар Афғонистон сафари хидматӣ дошта, вазифаи тарҷумониро ба ҷой овардааст.

Шеърҳояш аз охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Машъал», рӯзномаҳои «Педагоги ҷавон», «Пионери Тоҷикистон», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият» маҷмӯаҳои дастҷамъии «Шукуфаҳои умедбахш», «Модарнома», «Даргоҳи падар», «Риштаборон», «Наврӯзнома» ва ғ. ба табъ расидаанд.

Муаллифи китобҳои «Ниёз» (1990), «Нӯшдору» (1995), «Шафақ» (1997), «Нафаси субҳ» (2004), «Вожаҳои ҷон» (2010), «Ватанам ифтихори ман аст» (2010) ва «Минои завқ» (2012) мебошад.

Мавзӯи ашъорашро асосан, меҳри миллату Ватан, зебоиҳои нотакрори табиати кишвар, ишқу муҳаббат ба зиндагӣ ташкил медиҳанд.

Дар таҳияи баъзе асарҳои Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Насириддини Тӯсӣ, Санойии Ғазнавӣ ва диг. саҳм гузоштааст.

Дастае аз офаридаҳояш ба забонҳои русию ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Дорандаи медали «Хидмати шоиста» (2010).

Аз соли 1988 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 2004 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37