• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

14МӮҲТАРАМ ҲОТАМ 10 апрели соли 1950 дар деҳаи Аскалони ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) зода шудааст. Соли 1968 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1972 Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъди хатми Донишгоҳи мазкур, то соли 1990, дар нашриёти «Ирфон»-у «Адиб» ба ҳайси муҳаррир ва мудири шуъба кор кардааст. Солҳои 1990-1996 раиси муассисаи нашаротии «Ориёно», 1996-1998 сардабири ҳафтавори «Роҳи умед» (ҳозира «Нақлиёт»), 1998-2000 муовини сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ходими ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» будааст. Солҳои 1983-1985 дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Аз моҳи апрели соли 2000 мудири Котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мебошад.

Муаллифи китобҳои ашъори «Камароб» (1979), «Дилафшон» (1983), «Сапеда» (1989), «Як қалам сарнавишт – як қадам саргузашт» (1996), «Садуяксола шавӣ!» (1966), «Чашморӯ» мебошад. Ҳамчунин, намунаҳои ашъораш дар зиёда аз 50 маҷмӯаи дастҷамъӣ, аз ҷумла, «Тысяча родников» («Ҳазор чашма»; Маскав, 1999) «Бозгашти Ироншаҳр» (Ереван, 2003) ба чоп расидаанд. Роҷеъ ба таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон даҳҳо мақола ба табъ расондааст. Ҳаммуаллифи таърихномаи роҳи оҳан – «Роҳ дар масири асрҳо» (1999) мебошад.

Солҳои jхир ба таҳқиқи масоили сукунат ва муҳоҷирати ориёиҳо машғул буда, дар ин мавзӯъ асарҳои «Ориётоҷикон: 18000 сол пеш…» (2004) ва «Канобад (Конибодом) ва Райбат (Работ) дар «Шоҳнома» (2004), «Фасли пайванди вижаҳо» (2014)-ро мунташир сохтааст. Силсилаи мақолаҳояш «Муҳоҷирати бузурги ориёиҳо», ҳамчунин, рисолаи таҳқиқотиаш «Ҳувийяти миллӣ ва Ватани воқеӣ» дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Фарҳанг» ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.

Гулчини ашъори шоирони тоҷику арман «Дасти дӯст» (1989), дуоҳои тоҷикии «Сад дуову салом» (1985) ва «Толеъномаи хонавода» (2004)-ро мураттаб ва мунташир намудааст. Чанде аз ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, гурҷӣ, эстонӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.

Як идда шеъру ҳикоя ва осори манзуми адибони дигар кишварҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи чанд достони «Илиада»-и Ҳомер, чанде аз шеърҳо ва достони «Фариштаи марг»-и М.Ю. Лермонтов, «Биҳишти муҳаббат»-и Р. Бёрнс, афсонаҳои мардуми русу Шарқи Дур – «Афсонаҳои даврони қадим» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар тарҷумаи ашъори А.С.Пушкин, И.Н. Некрасов, шоирони дигари рус, фаронсавӣ, булғорӣ, молдовӣ, литвонӣ, ӯзбек, гурҷӣ ва ғ. ширкат варзидааст.

Ширкатвари Конфаронси байналмилалии шоирон ва тарҷумонҳои адабиёти Литва дар шаҳри Вилнюс (1988), Конфаронси адибони Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чимкент (1989), ҳамоиши адибони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ –»Вохӯрии кӯчаки Иссиқrӯл» (1990), конфаронси тарҷумонҳо дар Маскав (1990) мебошад.

Бо медали «Хизмати шоиста» ва нишони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1988 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved