• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

08ШАҲРИЯ (Шаҳрия Адҳамзод) 2 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (1978) буда, фаъолияти меҳнатиро дар нашриёти «Ма­ориф» (1979) оғоз кардааст.

Аз ҷавонӣ ба навиштани шеър иштиғол варзида, самараҳои қалам­аш дар китобҳои «Меҳри шеър» (1987), «Ша­ми­­­маи нур» (1992), «Ашки шақо­иқ» (1995), «Таманно» (1998), «Зан дар асорати танҳоӣ» (2002), «Бӯса­ҳои маҳ­тобӣ» (2007), «Дар канори шеър» (2010), «Ниё­иши Истиқлол» (2011), «Таронаи сабз» (2012) ва чандин маҷаллаву китоб­ҳои даст­ҷамъӣ дарҷ гардидаанд.

Шаҳрия мудом аз ғаму шодии занонаи худ ва муҳите, ки иҳота кардааст, сухан мегӯяд.

Парвози шеъраш бештар ба самти ватандориву ифтихори миллист.

Дар қолаби гуногуни шеъри тоҷикӣ хомафарсоӣ мекунад ва бештар дар ғазалсароӣ муваффақ аст. Барои ороиши ғазал ибораву ифода ва қофия­ву радифҳои муносибе ҷустуҷӯву пайдо карда, дар тасвиркорию андешагузорӣ маҳорат дорад.

Беҳтарин офаридаҳои Шаҳрия меҳру муҳаббати ҳамагонро ба Ватан, ба миллат, ба фарзонафарзандон ва арзишҳои волои он бештар мегардонанд. Намунаҳои ашъораш дар маҷаллаҳои фарҳангии Эрону Афғонистон интишор ёфтаанд.

Бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Ҳамчунин, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон аст.

Аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37