• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

05СУЛАЙМОН ЭРМАТОВ 25 майи соли 1946 дар деҳаи Бошқалъаи ноҳияи Шаҳритӯс таваллуд ёфтааст. Соли 1964 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд, сипас Мактаби олии ҳизбии Тошкандро ба поён расондааст. Дар рӯзномаҳои «Совет Тожикистони» ва «Тожикистон овози» фаъолият доштааст. Феълан сардабири маҷаллаҳои «Сирдош» ва «Кичкинтой», рӯзномаҳои «Устоз» ва «Ӯқучитувлар газетаси» мебошад.

Муаллифи маҷмӯаҳои насрию назмии «Онагинам», «Таманно», «Садоқат гуллари», «Модарам, ҷон модарам», «Дунё ба кафи туст, модар», «Бешкент тароналари», дуҷилдаи «Оила одоби» («Одоби хонадорӣ»), «Ғизол парвози», «Солиҳа аёл қисмати», «Ҳомиджон Мамадов соғинчи», «Қалбда ӯрик гуллади», «Ӯқувчи қизларнинг севги мактублари»-ст.

«Номаҳои ошиқонаи дугонаҳои мактабхон» ва «То ки ишқ ҳаст, муҳаббат ҳаст…», ки дар жанри номанигорӣ нигошта шудаанд, барои наврасону ҷавонон мароқоваранд. Романи «Қисмати зани солиҳа» дар боби беадолатиҳои солҳои сиюм ҳикоя мекунад. Китобҳои дарсии «Она тили», «Ватан адабиёти», «Одобнома», «Маърифати оиладорӣ» ва ғ. низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Муаллифи нахустин китоби «Алифбо»-и ӯзбекӣ мебошад, ки дар таълифу тартиби он солҳо заҳмат кашидааст. Алифбо ва қоидаҳои имлои забони тоҷикиро ба забони ӯзбекӣ мутобиқ гардонидааст.

Бо мақсади ҳарчи зудтар амалӣ сохтани муқтазои нави таълиму омӯзиши забони тоҷикӣ дар мактабҳои ғайритоҷикӣ таҳти рубрикаи «Забони тоҷикиро меомӯзем» китобҳои шавқовари «Чуғзак чӣ мегӯяд?», «Некӣ ва бадӣ», «Сайёд ва гавазн», «Гулҳои сухангӯ»-ро таълиф ва дастраси хонандагони ӯзбекзабон гардонидааст.

Мутарғиби собитқадами адабиёти гузаштаву муосири тоҷикӣ буда, асарҳои бисёр адибони тоҷикро тарҷума ва ба китобҳои дарсии ӯзбекӣ дохил намудааст. Намунаҳое аз осораш ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума шудаанд.

Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Узви Иттифоқи журналистон (1975) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved