• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

04БОБО ҲОҶӢ 1 майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1951 шуъбаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабӣ, мудири шуъба, котиби масъули рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Машъал», муҳаррири калони радиои тоҷик, муҳаррири калон ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон»-у «Маориф» будааст. Солҳои охир дар нашриёти «Адиб» кор мекард. Алҳол нафақагир аст.

Шеърҳои аввалинаш аз соли 1949 ба табъ расидаанд. Муаллифи китобҳо барои бачагон «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1961), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Гурбаи гелосбон» (1971), «Садарайҳон» (1980) ва ғ. мебошад.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1974), «Нони ҳалол» (1978), «Осиёи чашма» (1984), «Паймона» (1986), «Дурри ятим» (1988), «Ашки булбул» (1990), «Пешдаргирон» (1998) ва ғ. чоп шудаанд. Чанд китоби очеркаш ҳам ба табъ расидааст.

Шеърҳои ба русӣ тарҷумашудааш дар китобҳои «Признание в любвы» (1970) ва «Честный хлеб» (1987) интишор ёфтаанд.

Иддае аз офаридаҳояш ба забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Соли 1987 нашриёти «Маориф»-и Ашқобод китоби шеърҳои «Чаманҳои Помир»-и ӯро ба забони туркманӣ чоп кардааст.

Осори алоҳидаи Н. Некрасов, С. Есенин, Абай, Л. Украинка, Зулфия, А. Сурков, Г. Абашидзе, С. Михалков, М. Исаковский, қиссаҳои А. Загребалний «Водии хобҳои дароз», Ш. Бейшеналиев «Баррачаи шохдор», В. Гавф «Муки майдаҳак»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Тарҷумаи эпоси ҳиндии «Рамаяна» низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон (1988).

Бо чанд нишону ифтихорномаи ҳукуматӣ қадр карда шудааст.

Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved