• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

03МУҲАММАДАЛИИ АҶАМӢ 21 январи соли 1954 дар рустои Ғайрати ноҳияи Бохтари вилояти Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Соли 1981 факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ муддате хабарнигори рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Вахш», корманди масъули шуъбаи маорифи халқи шаҳри Қӯрғонтеппа, ходими шуъбаи вилоятии Ҷамъияти дӯстдорони китоб, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст.

Чанде дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зисту фаъолият доштааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои ашъори «Кокули борон» (1984), «Ватан» (1985), «Сари об» (1988), «Ҳар субҳ ман зи ишқи ту оғоз мешавам» (2012) буда, се дафтари шеъраш – «Андӯҳи сабз», «Биҳишти Одаму гандум» ва «Атри шабҳои Хуросон» дар Эрон (Теҳрон) ба табъ расидаанд.

Навиштаҳои ӯ дар соҳаи нақди адабӣ дар қолаби мақолаву рисолаҳои «Шигарфиҳои ҳунарӣ ва маъноӣ дар шеъри Устод Рӯдакӣ», «Ҳар ки ин оташ надорад…», «Бедил ва каломи Ҳофиз…», «Хиттаи муъаттари шеър», «Ҳақ бо сукут буд», «Марде аз ҷинси ғазал», «Сарвҳои баланди андеша», «Ҷойгоҳи қасида дар шеъри муосир», «Гулдони ҳафтранг», «Тафаккур ва ҳис дар шеър», «Шеър чист?!» ва ғ. интишор ёфтаанд.

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37