• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

02АСКАР ҲАКИМ 10 октябри соли 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонон ва наврасони Кумитаи телевизион ва радиои РСС Тоҷикистон муҳаррир будааст. Солҳои 1969-1974 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, баъдан муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», сипас сармуҳаррири ҳамин ҳафтанома (ҳозира «Адабиёт ва санъат), аз соли 1991 то марти 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Алҳол ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ мебошад.

Осори адабиётшиносиаш дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) «Творцы созвучий» (Маскав, 1988), «Испытане поэзией (1992) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 1974 дар мавзӯи «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Дар баробари пешбурди фаъолияти журналистӣ, мунаққидӣ ва адабиётшиносӣ, пайваста шеърофаринӣ кардааст. Ашъори дар солҳои гуногун офаридааш дар авроқи кутуби «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987)), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993), «Шаҳри меҳолуд» (ба ҳуруфи ниёкон; 1993), «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» (Теҳрон, 1995), «Ашъори мунтахаб» (2012) ва ғ. нашр гардидаанд.

Ашъораш, бар иловаи русӣ, ба чанде аз забонҳои дигари хориҷӣ ҳам интишор ёфтаанд.

Осори В.Биков «Сотников» (1979), М.Ю. Лермонтов «Хазинадорзани Тамбовӣ» (1981), Г. Эмин «Аср, замин, ишқ» (1983), А. Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» (бахши «Дӯзах», 1987) ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Мураттиби китоби «Лирика. Из персидско-таджикской поэзии» (Маскав, 1987) мебошад.

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37