• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

01ҚУТБӢ КИРОМ 18 декабри соли 1932 дар деҳаи Урметани ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, муддате дар мактабҳои ноҳия омӯзгор ва дар рӯзномаи ноҳиявии «Роҳи коммунизм» ходими адабӣ будааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи моҳномаи «Шарқи Сурх», муҳаррири барномаҳои адабии Кумитаи давлатии садо ва симои Тоҷикистон буда, Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав)-ро ба поён расондааст. Муҳаррири калон ва мудири шуъбаи муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб» будааст. Шеъри аввалинаш соли 1957 дар журнали «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст. Ашъори дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Бӯйи нон» (1966), «Илҳом» (1968), «Рези кӯҳсор» (1970), «Остони баланд» (1972), «Хоки пайвандӣ» (1974), «Камон» (1974), «Чашми дил» (1976), «Пули Сангин» (1980), «Ҷонфизо» (1980), «Сари баланд» (1982), «Ҷоми нур» (1983), «Дили бародар» (1986), «Субҳи содиқ» (1989), «Нишот» (1992), «Ёр меояд!», «Аз гулу хоку шуълаи оташ», «Оташи меҳр» ва «Минбари виҷдон» (2012) фароҳам омадаанд. Ҳамчунин, муаллифи достонҳои «Камон», «Антон», «Достони Лола», «Достони хоб», «Қуллаҳои ноаён», «Аввалин дидор», «Нафаси ошиқӣ», «Ҳарфи аввал», «Посбони мақбара», «Дафтари Порис» мебошад. Дар ашъораш хисоили ҳамидаи сарбаландию ҷавонмардӣ, инсондӯстию ватанпарварӣ ва бардошти таҷрибаи рӯзгорро самимӣ ба тасвир овардааст. Дилбохтагони шоир ӯро ҳамчун марде маҳфилоро ва шоире хушқариҳа мешиносанду дар ёдҳояшон зинда медоранд. Муаллифи қиссаи «Қатли Туғрал» (1984), драмаҳои «Тори муҳаббат» ва «Тири маломат», филмномаҳои «Бӯйи нон», «Чор тан дар пайроҳа», «Антон» ва ғ. мебошад. Ашъори ба русӣ баргардоншудааш дар маҷмӯаҳои «Напевы вершин» (1976), «Горный кряж» (1979), Мост времени» (1983) ва «Закон любвы» (1985) ба чоп расидаанд. Иддае аз навиштаҳои ӯ ба дигар забонҳо ҳам тарҷума ва чоп шудаанд. Худи ӯ китоби ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф.А.Файз, М.Карим, С.Вурғун, Зулфия, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Шоири халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. 26 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37