• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО 10 сентябри соли 1973 дар деҳаи Дашти Қозии ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) ба ҷаҳон омадааст.

Баъди        хатми        мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №49 зодгоҳаш вориди факултаи журналистикаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон шуда, соли 1996 бомуваффақият хатмаш кардааст.

Солҳои     1996-1999 мухбири   рӯзномаи  «Чархи гардун», солҳои 1999-2001 мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», солҳои 2001-2003  ҷонишини  сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон», солҳои 2003-2004 ҷонишини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Рӯзи нав», солҳои    2004-2005    сармуҳаррири   рӯзномаи «Зиндагӣ», аз августи 2010 то августи 2013 котиби генералии Ассотсиатсияи «Медиа АльянсТаджикистана» будааст.

Асосан      дар   соҳаи         насру публитсистика хомаронӣ мекунад.

Муаллифи   китобҳои   «Зиндони  зиндагӣ», «Шабчароғи         ёр»,         «Пайванди        пайкараҳо», «Марги журналист», «Хунро бо хун  мешӯянд», «Санге ба гӯри Лайлӣ» ва ғ. мебошад.

Аз соли 2005 раисии Маркази тадқиқоти журналистӣ ва сармуҳарририи ҳафтаномаи «Фараж»-ро ба зимма дорад.

Аълочии матбуот (2001) ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012).

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи журналистика (2004), Ҷоизаи    ОБСЕ    дар    соҳаи    ҳуқуқи   инсон, «Публитсисти        беҳтарини         сол»(2008)        ва «Журналисти беҳтарини сол» (2009).

Аз соли 2013 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved