• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

10ИБОД ФАЙЗУЛЛО 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ба ҷаҳон омадааст. Соли 1959 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан мудири шуъба, ҷонишини котиби масъули рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» буда, соли 1965 котиби КМ комсомоли Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1969 ҷонишини мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ будааст. Соли 1977 Мактаби олии ҳизбии Маскавро хатм карда, муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» таъин шудааст. Солҳои 1979-1981 мудири шуъбаи маданияти КМ ҲКТ буда, соли 1981 котиби Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ таъин шудааст. Баъдан, чандин сол, сармуҳарририи рӯзномаи «Паёми Душанбе»-ро бар уҳда доштааст.

Нависанда ва публитсисти соҳибқалам буда, нахустин офаридаҳояш аз охири солҳои панҷоҳуми асри гузашта ба дасти чоп расидаанд. Китобҳои «Ба сӯйи нур» (1966), «Садоқат» (1967), «Гулхани дӯстӣ» (1969), «Падарон ва фарзандон» (1971), «Дур аз фронт» (1973), «Остони баланд» (1974), «Достони ҷангали сабз» (1977), «Борони баҳор» (1979), «Савганд» (1983), «Қарзи фарзандӣ» (1985), «Кӯҳи панҷум» (1996) мунтахаби очерку ҳикоя, қиссаву лавҳаҳои беҳтарини ӯро дар бар гирифтаанд.

Чанде аз навиштаҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, белорусӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Осори алоҳидаи С. Аҳмад, Г. Бакланов, Л. Ленч, С. Зунунова, И. Ракша, драмаҳои А. Хоҷаев «Андро ва Сандро», А. Тарозӣ «Букени бобарор» ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Чеҳраҳои адабии М. Турсунзода, Р. Ҳамзатов, Р. Рождественский, А. Олимҷонов, А. Шукӯҳӣ, F. Fулом ва дигаронро офаридааст, ки бисёр ҷолибанд.

Борҳо вакили мардум дар парлумони мамлакат интихоб шудааст.

Бо чанд нишону ифтихорномаву орден сарфароз гардидааст. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2003 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37