• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

08МАСЪУД МУЛЛО­ҶОНОВ 3 ноябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе ба ҷаҳон омадааст. Соли 1949 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Баъдан ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррири калони радиои тоҷик, мудири шуъбаи моҳномаи «Шарқи Сурх», корманди КМ ҲКТ, сармуҳаррири «Тоҷикфилм», сармуҳаррири моҳномаи «Помир» будааст.

Мақолаву очеркҳояш аз соли 1951 чоп шудаанд. Муаллифи китобҳои «Ҳамдами замон ва ҳамнафаси халқ» (1962), «Холиқ Мирзозода» (1963), «Нақши замон» (1977), «Дар домани Офтоб» (Киев, 1980, ҳамроҳи Л. Пащенко), «Симоҳо дар роҳ» (1981) ва ғ. мебошад.

Очеркҳои проблемавӣ, филмномаҳо ва мақолаҳои тадқиқотии ӯ дар нашрияҳои бонуфузи Маскав ба табъ расидаанд.

Асосан ба русӣ менависад. Қиссаи «Занги аввал»-и Сорбонро (ҳамроҳи Л. Пащенко) ба русӣ гардондааст.

Чанд сол хабарнигори махсуси «Литературная газета» дар Тоҷикистон буд.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1979). Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved