• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

07БАХТИЁРИ МУРТАЗО (Бахтёр Қосимзода Муртазо) 23 майи соли 1940 дар деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷи­кистон ба номи В.И.Ленин ба рӯзноманигорӣ шуғл варзида, дар вазифаҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», муҳаррири шуъбаи ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», муҳаррири шуъбаи публитсистикаи маҷаллаи «Садои Шарқ», ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» хидмат кардааст. Ҳоло раиси Шӯрои очерку публитсистикаи Иттифоқи нависандагон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи «Минбари халқ» дар сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» аст.

Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву очерку ҳикояҳои «Боғбони гули кӯҳӣ», «Қасидаи бародарӣ», «Ҷонбохтаи Роҳатӣ», «Чинор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳёи Бешканд», «Чашмаи Офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нақби Истиқлол», «Нӯҳ чинори Балҷувону Баҳманрӯд», «Ҷавпазак» ва ғ. мебошад.

Барои қиссаи «Нақби Истиқлол» сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ гардидааст.

Иддае аз асарҳояш ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, озарӣ, литвонӣ, эстонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Қиссаи «Роҳи Каҳкашон»-и Ч. Айтматов, романи «Сурх ва сиёҳ»-и Стендал, китоби «Садбарги заррин»-и К. Паустовский ва асарҳои дигар адибонро ба тоҷикӣ гардондааст.

Солҳои 1969-1973 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва 1979-1982 ба сифати афсар хизмат кардааст.

Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Бо нишони «Ситораи сурх» ва 15 медали ҷангию меҳнатӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1983 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37