• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

06ҲАЗРАТ САБОҲӢ 15 декабри соли 1948 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1971 шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хамт кардааст. Солҳои 1971-1976 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (собиқ «Комсомоли Тоҷикистон») ба ҳайси корманди адабӣ, мудири шуъбаи адабиёт ва санъат ва котиби масъул ифои вазифа намудааст. Солҳои 1976-1979 дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон таҳсил карда, дар Пажӯҳишгоҳи санъатшиносии АИ Русия (Маскав) таҳти унвони «Адабиёти тоҷик дар пардаи синамо» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Номзади илми санъатшиносист. Солҳои 1979-1983 корманди илмии шуъбаи таърихи санъати Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиноси АИ ҷумҳурӣ буда, аз феврали 1983 то апрели 1987 дар Вазорати таҳсилоти олии Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардааст.

Аз апрели 1987 то ноябри 1997 дар пажӯҳишгоҳи мазкур вазифаҳои корманди аршади илмӣ ва мудири шуъбаи таърихи санъат (1994-1997)-ро бар уҳда доштааст. Аз соли 1997 муҳаққиқи озод буда, солҳои 2000-2010 дар садову симои Эрон тарҷумонӣ кардааст. Солҳои 2011-2012 тарҷумон ва муҳаррири АМИТ «Ховар» будааст. Ҳоло дар Самарқанд кору зиндагӣ дорад.

Муаллифи китобҳои «Таҷассуми кинематографии осори устод С. Айнӣ» (1979), «Грани экранизации» (1987; соли 1988) сазовори Ҷоизаи «Китоби сол» дар бахши санъатшиносӣ гардидааст), «Шоҳнома» дар осори ҳунарӣ» (Самарқанд, 1998), «Симоҳои ҷовид» (2003), китобчаҳои ҳикоёти таърихӣ барои бачаҳо – «Спитамони Зардушт», «Спитамони Суғдӣ», «Ғӯрак», «Деваштич», «Хуршеди Корзанҷӣ», «Хурдоди Хоразмӣ», «Сумбоди Муғ», «Устод Сис», «Муқаннаъ», «Тоҳири Фушанҷӣ», «Яъқуби Лайс», «Исмоили Сомонӣ» (2010-2011) ва яке аз мураттибони «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат» (2003) мебошад.

Ашъори Хубии Самарқандиро таҳти унвони «Авроқи носӯхта» (Самарқанд, 1997; дар алифбои кириллӣ ва форсӣ), мунтахаботи Вофии Самарқандиро бо номи «Армуғон» (Самарқанд, 1999; ба хатти кириллӣ ва форсӣ), ҳамчунин, девони ашъори Орифи Гулханӣ (Самарқанд, 2000)-ро бо пешгуфтори муфассалу тавзеҳот тадвин ва чоп кардааст.

Барои донишомӯзони синфҳои 4-уми мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон китоби хонише таҳия намудааст, ки дар бахши тоҷикии нашриёти «Ӯзбекистон» (Тошканд) аз соли 2003 то имрӯз ба табъ мерасад.

Бештар аз 100 мақолаи илмӣ, тақриз ва навиштаҳои дигари Ҳазрат Сабоҳӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Украина ва Литва чоп шудаанд. Як силсила мақола, рисола ва китобҳои дарсиро дар бахши санъат ба тоҷикӣ гардондааст. Дар сайтҳои «Сентр-Азия» (Русия) ва «Бозтоб» (Эрон) 12 мақолаи ҷавобияи вай ба таҳрифкунандагони таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик эълом шудааст.

Узви Иттиҳодияи журналистон (1974), Иттиҳодияи кинематографистон (1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2011) мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved