• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

05ШОДӢ САТТОР 3 феврали соли 1944 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Панҷакенти вилояти Ленинобод таваллуд шудааст. Соли 1960, пас аз хатми мактаби миёнаи №5, донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, баъди соҳиби маълумоти олӣ гардидан дар мактабҳои гуногуни ноҳия омӯзгори синфҳои ибтидоӣ будааст. Аз соли 1965 дар рӯзномаи «Зарафшон» ба ҳайси мухбир, то соли 1993 дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» ба гунаи мудири шуъба ва котиби масъул фаъолият бурдааст.Соли 1993 ба зодгоҳаш баргашта, аз ҳамон вақт то имрӯз дар мактаби миёнаи деҳаи Чорбоғ муаллимӣ мекунад.

Муаллифи 8 китоби шеър барои бачагон мебошад, ки «Зангӯла» (1971), «Гулдаста» (1972), «Ин қадар ширин» (1980), «Сӯфитурғай» (1981), «Аллаи модар» (1986), «Дарвозаи тилло» (1988) ва «Маро талаб» (2007) аз он шумуланд.

Як даста шеърҳои М.Миршакар, У.Раҷаб, Б.Ҳоҷӣ, Гулчеҳра, М.Фарҳат, А.Баҳорӣ, Н.Розиқро ба ӯзбекӣ гардондааст. Иддае аз шеърҳои худаш ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва ӯйғурӣ тарҷума шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутист.

Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved