• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

04ТОҶӢ УСМОН 12 июли соли 1906 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1933 Университети коммунистии Осиёи Миёнаро хатм кардааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Бо роҳи Ленинӣ», котиби Кумитаи ҳизбии шаҳри Ленинобод ва котиби масъули маҷаллаи «Хорпуштак» кор кардааст.

Муҳимтарини офаридаҳояш маҷмӯаи хикояҳои «Кашфи асрор» (1958), қиссаҳои «Духтари ниқобдор» (1969) ва «Муборак­қадам» (1966, ҳамроҳи Ашӯр Муҳаммад­ҷонов), очерки таърихии «Лаънаткардаи халқ» (1967) ва «Шоира Маҳастӣ» (1969) мебошанд, ки гувоҳ аз табъи саршору маҳорати нотакрори муаллифашон медиҳанд.

Ҳамчунин, мураттиби китобҳои «Бисту се адиба» (1957), «Дурдонаҳои назми тоҷик» (1960), «Шоираҳои боистеъдод» (1962), «Ханда ва истеҳзо» (1962)-ст. «Кашфи асрор» ва «Лаънаткардаи халқ» ба забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Асарҳои Тоҷӣ Усмон дар заминаи истифодаи дақиқу устодонаи маводи таъриху зиндагӣ, эҳтирому эҳтиёти воқеияти таърихӣ, забони пухтаву ширадори тоҷикӣ ба қалам омада, муаллифашонро дар қатори муваффақтарин адибони чеҳраҳои таърихинигори тоҷик ҷою мақоми арзанда бахшидаанд.

Аз соли 1967 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

23 октябри соли 1968 вафот кард.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved