• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

03АЛӢ ХУШ соли 1912 дар деҳаи Саришӯхони ноҳияи Ғарм таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби деҳа муддате дар муассисаҳои давлатии Қаротегину Навобод кор кардааст. Соли 1930 курси дусолаи муаллимини Самарқандро фаро гирифта, то рӯзи ба ҳабс гирифта шуданаш (1937) ба ҳайси ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (ҳозира «Ҷумҳурият») фаъолият доштааст.

Аввалин офаридаҳояш аз нимаи дувуми солҳои сӣ чоп шудаанд, ки шеъри «Доғи асирӣ ва дами дилшодӣ» нахустинашон будааст. Баъдан маҷмӯаи ҳикояву очеркҳояш «Шестопалов» (1934), «Шӯриши Усмон» (1934), «Дар оғӯши кӯҳҳо» (1935), «Ҷавонони далер» (1937) ва пораҳое аз қиссаи нотамоми «Ду фронт»-аш дастраси хонандагон гардидаанд.

Дар мавзӯъҳои озодии занон, рушду камоли маориф, ҳимояти ватан мақолаҳои ҷолиби публитсистӣ навиштааст. Дар пешрафти танқиду адабиётшиносӣ ва ҷамъоварии эҷодиёти шифоҳии мардум низ саҳми шоиста гузоштааст.

Таҳти тахаллусҳои адабӣ ва лақабҳои мустаори «Алӣ Хуш», «А. Хушмуҳаммадзода», «Найистонӣ», «А.Х.», «Ғармӣ», «Тиррончак» ва ғ. асар эҷод кардааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 1942 дар яке аз маҳбасхонаҳои шӯравӣ фавтидааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37