• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

02МУСТАФО ШАРҚӢ (Назаров Мустафо) 11 октябри соли 1920 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Дар Омӯзишгоҳи саноат таҳсил кардааст. Котиби масъули рӯзномаи «Норак» будааст. Соли 1940 ба хидмати ҳарбӣ даъват шудааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – артиллерист будааст. Соли 1946 ба ватан баргашта, дар нашрияҳои бачагон кор кардааст.

Муаллифи маҷмӯаҳои ҳикоя барои бачагон – «Ҷӯраҳо» (1958), «Мададгорони бобо» (1960), «Одам ва шер» (1961), «Кабӯтарони сулҳ» (1964) ва ғ. мебошад.

Китоби ҳикояву очеркҳояш «Меҳри модар» соли 1965 аз чоп баромадааст. Баъдан маҷмӯаи «Ҳикояҳо» (1975), «Ёру ҷӯраҳо» (1978) ва қиссаи «Таркиши охирин» (1978)-аш ба табъ расидаанд.

Бо чанд ордену медали ҷангӣ сарфароз гардидааст.

Аз соли 1961 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

5 октябри соли 1985 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved