• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

МИРАҲМАДИАМИРШОҲ 10 апрели соли 1956 дар деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1973мактаби миёна,  соли  1977 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро ба фарҷом расондааст.

Фаъолияти  кориро  дар  рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» (1977) оғоз карда, сипас дар ҳафтаномаҳои шаҳрии «Роҳи Ленинӣ» ва «Ҳақиқати Кӯлоб» идома додааст.

Айни замон дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари Маркази матбуоти Нерӯгоҳи барқи обии Роғун фаъолият дорад.

Аз солҳои донишҷӯйӣ ба эҷоди ҳикояву қисса ва дигар анвоъи каломи бадеъ пардохта, чанд асари хурду калонашро пешниҳоди хонандагон кардааст.

То имрӯз маҷмӯаҳои «Дар подомани Золи Зар», «Мероси ҷавонмардӣ», «Тоҷикистон, ғарқаи хун дидамат!», «Дар сакарот», «Карашмаи бахт», «Хунро бо хун  намешӯянд», «Моҷарои ишқ», «Авроқи захмин»,    «Девона»,    «Ишқро   анҷом  нест», «Тоҷикистон?!  Ё  бидҳед  зи  мо  наҷот моро», «Рӯҳи саргардон», «Маро бибахш, Модар!»-ро ба нашр расондааст, ки баҳс аз миллату ватандорӣ мекунанд.

Тарҷумаи ду китоби аввали романи ҳуҷҷатияш «Раненные страницы» дар Маскав пешниҳоди хонандаи русизабон гардидааст.

Филмномаҳояш «Сина моломоли дард аст», «Меваи Истиқлол», «Роҳ ба сӯйи нур», «Дар миёни обу оташ», «Тулӯи бахт» ва ғ. Ба воситаи шабакаҳои телевизиони кишвар пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Аз соли 1987 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved