• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ҶОНИБЕКИ АКОБИР 5 ноябри соли 1952 дар деҳаи Рӯшании ноҳияи Дарбанд (собиқ Комсомолобод) ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаб- интернати №2 шаҳри Душанбе гирифта, баъди адои хизмати ҳарбӣ факултаи         таърихи Донишгоҳидавлатии Тоҷикистонро    (1986) хатм кардааст.

Муддате   коргари    фабрикаиқаннодии «Ширин»,баъдан мусаҳҳеҳи         нашриёти «Ирфон» (1971-1978), мухбири ТоҷикТА (1978-1980), мухбири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980-1983), корманди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1983-1985) ва журнали «Садои Шарқ» будааст.

Соли 1992 дар Дафтари матбуоти Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, соли 1993 дар вазифаи сармуҳаррири моҳномаи «Фарҳанг» кор карда, аз соли 1997 то дами фавташ (2014) сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» будааст.

Оғози фаъолияти эҷодии ӯ ба миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта рост омада, силсилаи ҳикоёти ӯ дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), қиссаи «Бозии тақдир» ва ҳикояҳои наваш дар китоби «Пазмонӣ»  (1990),  «Оҳанги  дареғ»  (2003) ва «Қаламҳои        кӯҳистонӣ» (2012) манзури ҳаводорони каломи бадеъ гардидаанд.

Асарҳои алоҳидаи Ҷонибеки Акобир ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, олмонӣ, ветнамӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.

Тарҷумаи қиссаи И.Тургенев «Фауст», ҳикояҳои алоҳидаи А.Шукшин, новеллаҳои чехӣ, афсонаҳои маҷорӣ, силсилаи ҳикояҳои адиби югославӣ И.Андрич, қиссаи нависандаи румин И.Биэшу «Майор ва марг», романи П.Проскурин «Решаҳои урён» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1990), Ҷоизаи ба номи  Садриддин Айнӣ (2005) ва Ҷоизаи байналмилалии адибони форсизабон «Ялдо» (2004) мебошад. Нависандаи халқии Тоҷикистон.

Аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

25 июли соли 2014 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved