• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

САРВАР  АЗИМОВА 30 декабри соли 1965 дар Ҳисор ба ҷаҳон омада, пас аз хатми мактаби миёнаи №52 ноҳия, соли 1983, донишҷӯи факултаи забонҳои           Шарқи Донишгоҳи   давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, таҳсилро соли   1988  бомуваффақият анҷом бахшидааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар кафедраи забонҳои хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон шурӯъ намуда, дар кафедраи филологияи Эрони ДДТ идома додааст.

Ҳамзамон, ба ҳайси гӯяндаи забони форсӣ дар бахши бурунмарзии Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон шуғл варзидааст.

Соли 1992 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда, ба сабаби даъват шудан ба хизмати давлатӣ таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи аспирантура давом додааст.

Пас аз анҷоми хизмати давлатӣ ва баромадан ба нафақа (2012) муовини директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таъин шуда, то ҳол дар ҳамин мақом фаъолият мебарад.

Офаридаҳои Сарвар, аслан, дар қолаби жанрҳои публитсистика рехта шуда, дар асоси воқеият ва санадҳои муътамади бойгонӣ таълиф ёфтаанд.

Аз ҷумла, китобҳояш «Қаҳрамонии зани тоҷик» (2004), «Асири ихтиёрӣ» (2005), «Рози ниҳон» (2006) ва «Панди падар» (2008) дар заминаи ривояти қаҳрамонони воқеӣ ва асноди муҳимми бойгонӣ ба қалам омада, корномаи родмардони мақомоти амнияти давлатиро меситоянд.

Аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved