• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ҒАНӢ ҶӮРАЗОДА 9 январи соли 1936 дар маҳаллаи Мирамони ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №25 (1956) таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1961-1993, дар рӯзномаҳои «Комсомолии Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон» дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 1993- 2006 тарҷумон-муҳаррири Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Нахустин шеъру ҳикояҳояш солҳои 1955- 1957 ба табъ расидаанд.

Асарҳояш ба забонҳои русӣ, узбакӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд.Китоби ҳикоя ва қиссаҳояш «Кулоҳи падар» (1988), «Захми дил» (2000), «Қисмат» (2000),«Ҳушёраки ман, ту куҷоӣ?» (2004), «Афсонаи модаркалонам» (2005), «Бозгашти хотира» (2005), «Очаҷон, аз ман маранҷ!» (2006),«Рахсеб»  (2008),   «Шишаи  бишкаста» (2013),«Панди бобо» (2014) ва китоби публитсистикаи ӯ «Қатраҳо дарё шаванд» (2001) аз ҷониби нашрияҳои гуногун ба чоп расидаанд.

Асарҳои алоҳидаи адибони маъруф Р. Такур, Н.Носов, Н.Тихонов, Б.Житков, В.Катаев, Л.Маҳмудов ва дигаронро ба забони тоҷикӣ гардонидааст.

Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, дорандаи медали «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва дигар мукофотҳост.

 Аз соли 1962 узви Иттифоқи рӯзноманигорон, аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved