• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

61Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Устод Садриддин Саййидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфта, айёми баччагияшро дар миёни аҳли заҳмат сипарӣ намудааст. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилнишин ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмате, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ ворид овардаанд.

Ҳангоми мактабхонӣ бо намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Сойиб, Бедил ва диг. устодони шеъри классикии форсии тоҷикӣ шиносойӣ пайдо кардааст.

Аз сабақҳои пандомӯзи падараш Саййидмуродхоҷа, ки марде маърифатдӯсту мухлиси адабиёт будааст, баҳраҳо бардошта, дар дил нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббати сӯзоне парваридааст.

Баъди вафоти падару модараш, ба сахтию маҳрумиятҳои бардавоми зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890, бо нияти таҳсил, Бухоро омада, дар ибтидо, ба сабаби муҳтоҷию тангдастӣ, маҷбур шудааст, ки хидмати ҳуҷрадорони мадраса ва муллобачаҳои давлатмандро адо ва танҳо дар лаҳзаҳои фороғат дарсхонӣ кунад.

Муҳити илмию адабии Бухоро, алоқа пайдо кардан бо зиёиёни равшанзамир ва махсусан, шиносо шудан бо ақидаҳои маърифатомӯзи Аҳмади Дониш (1827-1897) дар инкишофи фикрии ӯ таъсири муфиде гузоштаанд.

Баъди хатми мадраса фаъолияти адабию ҷамъиятии худро ба ҷараёни маорифпарварӣ марбут сохта, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳ таълиму тадрис ширкат варзидааст.

Албатта, иқдомоти ӯ дар асари алоқамандӣ бо ҳаракати ислоҳталабонаи ҷадидӣ аз бархе камбуду нақси ғоявӣ холӣ набудаанд.

Аммо, бо вyҷуди ин, дар ҳамон шароити истибдоду таассуби шадиди динӣ чунин рафтору амал хилофи тартиботу низоми аморат ба шумор мерафт ва ҳиммату ҷасорати хосеро талаб мекард.

Дар даврони ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918) таъқиботи ҳукумати амирӣ қувват гирифта, бисёр одамони тараққихоҳ аз Бухоро фирор кардаанд.

Устод Айнӣ ҳам ба Қизилтеппа рафта, чанде дар заводи пахта кор кардааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved