• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

58РАҲИМ ҶАЛИЛ 3 июни соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби кӯҳна гирифта, баъди Инқилоби Октябр ба мактаби шӯройӣ рафтааст. Соли 1927 синфи ҳафтум, баъдтар курси кӯтоҳмуддати омӯзгориро хатм кардааст. Аз соли 1931 ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, бештар аз 20 сол дар рӯзномаҳои «Пролетари Хуҷанд», «Ҳақиқати Ленинобод», «Тоҷикистони Сурх» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» кор кардааст. Солҳои 1952-1989 котиби масъули шуъбаи Ленинободи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Фаъолияти эҷодияш аз соли 1930 сар шуда, нахуст шеър эҷод мекардааст. Ашъораш таҳти тахаллуси «Даҳрӣ» чоп мешуданд. Аввалин маҷмӯаи ашъораш «Мавҷҳои музаффарият» соли 1933 чоп шудааст. Сипас, асосан осори мансур офарида, дар ҳамин соҳа тавфиқу комёбиҳои эҷодӣ ба даст овардааст ва чун адиби забардасти роману ҳикоянигор эътироф гардидааст. Соли 1936 маҷмӯаи новеллаҳояш «Орзу», соли 1939 китоби «Шеърҳо ва ҳикояҳо»-яш, соли 1940 «Ҳиссае аз қиссаҳо»-яш аз чоп баромадаанд.

Баргузидаи навиштаҳояш дар китобҳои «Ҳикояҳои давраи ҷанг» (1944), «Умри дубора» (1949), «Баҳор» (1950), «Ҳикояҳо» (1953, 1954, 1958), «Ҳамида» (1961), «Шикасти тилисмот» (1964), «Асарҳо» (дар чор ҷилд; 1967-1971), «Илҳом» (1973), «Духтари мармарин» (1975), «Гардиши фалак» (1981), «Ҳикояҳо» (1984), ва «Куллиёт» (дар 3 ҷилд; 1988-1990) чоп шудаанд.

Романи «Одамони ҷовид» (1941-1949) чанд бор рӯи чопро дидааст, ки дар бораи дӯстии халқҳо, душвориҳои бунёди давлати шӯравӣ, муборизаи тоҷикон барои сохти сотсиалистӣ нақл мекунад. Романи дигари нависанда «Шӯроб» (1959-1967) ҷараёни ташаккули синфи коргари тоҷикро мавриди таҳқиқи бадеӣ қарор додааст. Ҳар ду асар ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва бо теъдоди зиёде чоп шудаанд.

Раҳим Ҷалил нависандаест, ки воқеоти таърихӣ, хусусан, замони босмачигарӣ, ташкили сохти колхозӣ ва ташаккули синфи коргарро возеҳу муфассал тасвир карда, асарҳояш барои омӯзиши таърих ва фарҳангу ҳунари кишвар дар ибтидои асри ХХ сарчашмаи боэътимод ба ҳисоб мераванд.

Нависанда (1970) барои романи «Шӯроб» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардидааст.

Соли 1970 қиссаи ҳуҷҷатии «Маъвои дил» аз чоп баромад, ки аз биҳин намунаҳои осори ёддоштӣ-таърихии адабиёти шӯравии тоҷик ба ҳисоб меравад ва хонандаро дар рӯҳияи ватандӯстию миллатпарварӣ тарбият мекунад. Дар офаридани осори саҳнавӣ ҳам дасти тамоме доштааст, ки намоишномаҳои «Фарҳоду Ширин» (ҳамроҳи М.Аминзода), «Санавбар» (1939), «Зани 96-ум» (1940), «Ду вохӯрӣ» (1943), «Субҳи саҳро» (1962), «Дили шоир» (1963), «Зиндашавӣ» (1976) ва ғ. гувоҳи даъвостанд.

Асарҳои алоҳидаи М.Горкий, А.Чехов, А.Островский, Н.Ҳикмат ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Сазовори як идда мукофоти давлатӣ гардонида шудааст.

Чандин мактабу кӯчаву муассисаҳо ва Нашриёти давлатии Хуҷанд номи ӯро доранд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон. (1979)

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

10 октябри соли 1989 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved