• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

56ЛУТФӢ САЙИД 11 марти соли 1917 дар шаҳри Исфара ба ҷаҳон омадааст. Фаъолияти кориро бармаҳал сар карда, чанде коргари роҳи оҳан ва сардори бригадаи сангканон будааст. Соли 1939 Техникуми молиявии Ленинобод, баъдан Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошкандро хатм кардааст. Соли 1941 ӯро ба ноҳияи Ҳисор фиристодаанд. Дар мактабҳои маҳаллӣ 25 сол аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Оғози фаъолияти эҷодияш ба соли 1938 рост меояд, ки аз ҳамон сол аввалин ҳикояҳояш рӯи чопро дидаанд. Чанд ҳикояи ӯ дар моҳномаи «Шарқи Сурх» ба табъ расидаанд, ки аз онҳо «Дар назди гулхан», «Шодмонӣ дар хонаи Худо», «Писари Ҳазрати Одам», «Содиқ-паҳлавон» ва ғ. хотирнишинанд. Соли 1963 китоби ӯ «Дар назди гулхан», соли 1972 «Асрори саҳро», соли 1984 «Қиссаҳои Хуршед», соли 1985 «Сояи мурғи ҳумо», баъдан «Дар рӯзҳои тӯфон», «Ғурури кӯҳи сепоя» ва ғ. пешкаши хонандагон гардидаанд.

Муаллими шоистаи РСС Тоҷикистон.

Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Соли 2006 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37