• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

55САЙИДСУЛТОН САЙИДМУРОДОВ 5 майи соли 1905 дар шаҳри Исфара таваллуд ёфтааст. Соли 1927 Факултаи коргарии ба номи М.И.Калинин (Маскав)-ро хатм кардааст. Мудири шуъбаи маорифи халқи ноҳияи Исфара (1928-1929), инструктори шуъбаи ташкилии КИМ-и РСС Тоҷикистон (1929-1940), яке аз барпокунандагони Театри драмавии тоҷик, аз ҷумлаи нахустин актёрон ва режисёрони кишвар будааст. Фаъолияти эҷодияш аз солҳои сиюми асри гузашта сар шудааст. Пйесаҳои «Шӯриши Восеъ» (1935) ва «Муаллими драма», мазҳакаҳои «Духтари рангуборчӣ» (1938), «Рӯзҳои гузашта» (1939), «Хари ҷаннатӣ» (1941) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Пйесаҳои «Саодат» (1949, ҳамроҳи М.Рабиев), «Зафар ва Заррина» (1963) аз ҳаёти деҳқонон ва фотеҳони заминҳои навкорам, «Гаҳвораи заррин» (1974) «Ситорадуздон» (1975; ҳамроҳи А. Симаков), «Тиру камон» (1976) ва «Оилаи пурмоҷаро» (1979) аз рӯзгори ангиштканони Шӯроб ҳикоят мекунанд. Драмаву мазҳакаҳои «Хари ҷаннатӣ», «Духтари рангуборчӣ», «Фарҳод дар Норак» (1966) ва ғ. дар театрҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Украина, Доғистон ва ғ. ба саҳна гузошта шудаанд. Драмаи «Қиссаи Зайнаббибӣ» (1965; таҳрири наваш–1974), ки аз қаҳрамонӣ ва диловарии зани тоҷик ҳикоят мекунад, ба репертуари Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский дохил гардидааст. Муаллифи намоишномаҳои «Раъно» (1937), дар ҳамқаламии С. Ҷавҳаризода ва «Пионер Содиқ» (1939) аст, ки барои бачагон офарида шудаанд.

Ходими хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон (1957).

Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ» ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37