• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

53РАҲМОН САФАР 5 августи соли 1930 дар деҳаи Шоҳраҷаби ноҳияи Балҷувон ҳозира Ховалинг-и вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1948 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, баъди ду сол Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хатм карда, чанде муаллим будааст. Соли 1951 ба хидмати ватан рафта, ҳаёти худро ба артиш бахшидааст. Соли 1955 Омӯзишгоҳи ҳарбии Ярослав, соли 1962 курси дусолаи Академияи Артиши Шӯравиро хатм карда, бист сол дар системаи комиссариати харбии ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст. Соли 1965 шуъбаи шабонаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст.

Баъди бознишаста шудан, аз соли 1978, ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи таърихи АИ Тоҷикистон, корманди Дафтари тарғиби адабиёти ИН ҷумҳурӣ будааст.

Аввалин навиштаҳои ӯ аз ибтидои солҳои 70-ум ба чоп расидаанд. Пайваста барои дарёфти санадҳои зиндагӣ ва корномаи тоҷикписарон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ талош меварзид. Дар натиҷаи чунин ибтикору ҷустуҷӯҳои фидокорона соли 1970 очерки ҳуҷҷатии «Ӯ мурдан намехост», соли 1973 қиссаи мустанади ӯ «Сафар Амиршоев»-ро ба қалам овард, ки драмаи ҳамноми онро соли 1974 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузоштааст.

Соли 1978 қиссаи мустанади «Фарзанди сарзамини ман», соли 1981 қиссаи ҳуҷҷатии «Қаҳрамони Вахш ва Днепр»-аш аз чоп баромаданд, ки дар бораи диловариҳои тоҷикписарони ҷасуру диловару қаҳрамон Домулло Азизов ва Саидқул Турдиев ҳикоя мекунанд.

Гаронбаҳотарин натиҷаи заҳаматаш китоби пурмуҳтавои «1001 корнома» мебошад, ки қисми аввалаш соли 1995, қисми дувумаш соли 2000 ва қисми сеюмаш соли 2010 аз чоп баромад.

Барандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1985), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ.

Бо ордену медалҳои ҳукуматӣ мукофотонида шудааст.

Аз соли 1978 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

4 майи соли 2005 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37