• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

52САТТОР ТУРСУН 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омада, мактаби миёнаро дар ҳамон деҳа хатм кардааст. Соли 1965 муҳассили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, дар шуъбаи забони арабӣ таҳсил кардааст. Ҳамзамон, солҳои 1968-1970, ровии радиои ҷумҳурӣ будааст. Соли 1970, пас аз хатми донишгоҳ, бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ва сармуҳаррири вақти маҷалла Убайд Раҷаб, дар «Садои Шарқ» ба кор пардохта, муддати бист сол – аввал ба ҳайси мудири шуъбаи очерку публитсистика, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи наср, муовини сардабир ва и.в. сардабир фаъолият бурдааст. Солҳои 1990-1991 мудири шуъбаи идеологияи КМ ПК Тоҷикистон, 1992-1995 шореҳи сиёсии рӯзномаи «Ҷумҳурият», соли 1993 Котиби матбуоти Президенти ҷумҳурӣ, солҳои 1995-1997 сармуҳаррири маҷаллаи «Помир», 1997-2009 сардабири ҳафтаномаи «Баҳори Аҷам» будааст. Ҳоло машғули фаъолияти озоди эҷодист.

Нахустин ҳикояҳояш аз солҳои донишҷӯйӣ дар маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» ва «Тоҷикистони Советӣ» интишор ёфта, диққати ҳамагонро ҷалб намудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои қиссаву ҳикояи «Дили гарм» (1971), «Сукути қуллаҳо» (1974), «Камони Рустам» (1976, 1982), «Аз субҳ то шом» (1979), «Барф ҳам мегузарад» (1983), «Дувоздаҳ ҳикоя» (1986), роману қиссаҳои «Се рӯзи як баҳор» (1988), «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Садама, ё худ Достони як марди саргардон», (1994), «Пайванд», «Обдорӣ ё худ Кавкабони кабуд», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Девор», «Санг дар бағал ба тӯфон», «Мӯйсафедон», «Дӯсти ман Бароталӣ», «Ҳасрат», «Эътироз» ва ҳикояву эссеву мақолаҳои адабӣ-публитсистии зиёде мебошад, ки аз нигоҳи масъалагузорӣ, фарохии мазомини миллӣ ва оҳангҳои умумибашарӣ қобили қабули ҳамагон гардидаанд.

Аксари навиштаҳояш ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаву ҷаридаҳои машҳури адабӣ ба табъ расидаанд.

Китобҳои ӯ «Камони Рустам» (1979), «Барф ҳам мегузарад» (1982) ва «Се рӯзи як баҳор» (1990) дар муассисаҳои кашфиётии бонуфузи Маскав («Советский писатель», «Известия» ва «Молодая гвардия) ба забони русӣ пешниҳоди хонандагони шӯравӣ гардидаанд. Соли 1988 нашриёти «Радуга» маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои ӯро ба забони арабӣ мунташир сохтааст. Умуман, то имрӯз офаридаҳои гуногуни мавсуф ба бештар аз бист забони дунё тарҷума ва чоп шудаанд.

Асарҳои алоҳидаи Л. Толстой, А. Упит, В. Телпугов, И. Друтсе, А. Беляев, М. Левин, С. Хонзодян, Г. Матевосян, М. Муродалиев, Э. Аъзамов ва дигар суханварони русу шӯравӣ, ҳикояҳои ҷудогонаи Ҷ. Лондон, Ш. Андерсен, А. Ғаллоб ва Ӯ. Камолро ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1982 Киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор овардааст.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1985) буда, бо ордени «Дӯстӣ», Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва Кумитаи сулҳ, Медали биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шудааст.

Соли 1994 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон», соли 1998 шоистаи унвони ифтихории «Нависандаи халқии Тоҷикистон» гардидааст.

Узви раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои «Фарҳанг»-у «Садои Шарқ» аст.

Бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофонида шудааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved