• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

50РАҲИМ ҲАЙДАР 10 марти соли 1923 дар деҳаи Қалъачаи Калони ноҳияи Истаравшан чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз модар дар синни дусолагӣ, аз падар дар синни ҳафтсолагӣ маҳрум гаштааст. Бо азобу машаққати зиёд ба воя расида, мактаби ҳафтсолаи деҳаро хатм кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна мехостааст таҳсилашро давом диҳад, аммо шароит надоштааст. Бинобар ин, соли 1941, коргари колхози «Правда» шудааст. Феврали соли 1943 ихтиёран ба фронт рафта, дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст ва ба муқобили фашистони немис далерона ҷангидааст. Дар яке аз муҳорибаҳои шадиди назди Курск сахт ярадор шуда, баъди муолиҷа ба зодгоҳаш баргаштааст. Пас аз ҷанг, соли 1944, дар колхоз ба сифати котиб ва хазинадор кор кардааст. Соли 1945 ба узвияти Ҳизби коммунисти ИҶШС қабулаш карда, баъди чанде ба Курси таҳсилоти ҳизбии назди КМ ПК Тоҷикистон фиристодаанд. Баъди хатми курси ҳизбӣ ба ҳайси инструктори кумитаи ҳизбӣ кор ва, дар айни замон, ғоибона дар Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа таҳсил кардааст. Соли 1950 ходими адабии рӯзномаи ноҳиявӣ, соли 1951 мудири шуъбаи маданияти Комиҷроияи шӯрои ноҳиявӣ таъин шудааст.

Солҳои 1951-1953 дар шаҳри Душанбе шунавандаи мактаби ҳуқуқшиносӣ буда, бо дипломи сурх хатмаш кардааст. Солҳои 1953-1955 раиси суди ноҳияи Хуҷанд будааст. Аммо меҳру муҳаббати беандоза нисбат ба рӯзноманигорӣ ӯро боз ба редаксияи рӯзнома оварда, солҳои 1955-1958 дар вазифаи ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Паёми Истаравшан» кор кардааст. Аз маҳорати нависандагии ӯ бохабар гашта, барои таҳсил ба шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Тошканд (1958-1962) фиристодаандаш. Пас аз итмоми бомуваффақияти таҳсил, солҳои 1962-1983, ба ҳайси муҳаррири рӯзномаи «Паёми Истаравшан» адои вазифа кардааст. Соли 1979 рӯзномаи мазкур дар озмуни умумииттифоқӣ ғолиб омада, сазовори Ҷоизаи ба номи М.И.Улянова гардидааст.

Фаъолияти эҷодии ӯ соли 1956 оғоз ёфта, ҳикояи аввалинаш «Ду дилдода» дар маҷаллаи «Шарқи Сурх» чоп шудааст. Аввалин китоби қиссаву ҳикояҳояш «Ду дилдода» (1964) мақбули ҳамагон гардидааст. Сипас ду китоби дигари ӯ – «Духтари бебок» (1983) ва «Хатти беимзо» (1992) дар Душанбе мунташир гардидаанд.

Чанд ҳикояи ӯ дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Қаламҳои пурумед», «Фаввора», «Истеъдодҳои ҷавон» ва «Рассказы таджикских писателей» ба табъ расидаанд.

Намунае аз осораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ ва арманӣ тарҷума шудаанд.

Бо медали «Барои хизматҳои ҷангӣ», ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин» ва медалу ифтихорномаҳои Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 1958 узви Иттифоқи журналистон аст.

28 октябри соли 1985 бо олами ҳастӣ падруд гуфт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved