• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

49ШОДОН ҲАНИФ 10 марти соли 1934 дар деҳаи Оҳалики вилояти Самарқанд зода шудааст. Соли 1958 шуъбаи тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Сипас ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», муҳаррир ва мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон», сармуҳаррири идораи барномасозии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ», соле чанд мутарҷими мутахассисин ва ӯрдуи шӯравӣ дар Афғонистон будааст. Аз соли 1960 саргарми кори эҷодӣ буд, китоби нахустини ҳикояҳояш барои бачагон «Майна» соли 1968 аз чоп баромадааст.

Маҷмӯаҳои очеркҳояш «Қаҳрамони Вахш» (1973), «Вохӯрӣ» (1974), «Кӯҳ ба кӯҳ мерасад» (1976), қиссаи «Пайроҳаи оҳугузар» (1975), романҳои «Ҷон ба гарав» (1982; ба русӣ-1985), «Уқоби захмин» (1994), «Хунбаҳо» (1995) ва ғ. пайиҳам интишор ёфтаанд.

Чанд драма низ навиштааст, ки «Домоди шаҳрӣ» (1976) ва «Обфурӯш» (1984) аз он ҷумлаанд.

Қиссаҳои Н. Асеев, А. Котовшикова, К. Георгиева ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Иддае аз қиссаву ҳикояҳояш ба русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон, бо чанд ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Аз соли 1975 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

5 апрели соли 2007 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37