• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

48АТО ҲАМДАМ (Хоҷаев Ато Ҳамдамович) 13 июни соли 1948 дар деҳаи Сангчашмаи дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омада, пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа Омӯзиш­гоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифа­тии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), факултаи филологияи тоҷики ДДТ ба номи В.И.Ленин ва Мактаби олии ҳизбии Тошкандро бомуваффақият итмом бахшидааст. Дар рӯзномаҳои «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин (1966-1970), «Тоҷикистони Советӣ» (1970-1975) ва Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ адои вазифа кардааст. Ҳангоми сармуҳаррири Иттиҳодияи эҷодию бадеии Телевизиони Тоҷикистон буданаш дар нахустин интихоботи умумихалқӣ (1990) депутати халқи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, солҳои 1990-1992 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи Шӯрои Олии мамлакат оид ба масоили фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ ифои вазифа намудааст. Моҳи феврали соли 1992 вазири фарҳанги ҷумҳурӣ таъин гардидааст.

Солҳои (1995-2004) мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои 2004-2009 раисии нашриёти «Адиб»-ро бар уҳда доштааст. Алъон ҳамраиси Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои ИДМ ва Балтия, сармуҳаррири интишороти «ЭР-граф» мебошад.

Асарҳояш таҳти унвони «Заркор», «Меҳр» (дар ҳамқаламии И.Насриддин, 1973), «Хандаи бахт» (1974), «Маънии умр» (1977), «Давоми роҳ» (1978), «Ду ҳафта дар БАМ» (дар ҳамқаламии Ҳ. Файзиев, 1979), «Дастони тиллоӣ» (1982), «Соҳибони замин» (1983), «Баландӣ» (1984), «Роҳи дилҳо» (1985), «Ба истиқболи субҳ» (1987), «Подвиг» (1989), «Пеш аз борон» (1992), «Цветок прощания» (дар ҳамқаламии Қ. Файз, 1997), «Хезед, суд меояд!» (1997), «Дар қалби мо, дар ёди мо» (1999), «Панди рӯзгор» (2000), «Мегӯянд, ки Файзалӣ...» (дар ду дафтар, солҳои 2001-2004), «Второй муж» (2002), «Фиғон» (1993), «Ариза нонавишта монд» (2005), «Ҳабиби дилу дида» (2007), «Дидор» (2008), «Жизнь продолжается» (2010), «Крик» (2012) ва ғ. нашр шудаанд.

Маҷмӯаи қиссаву ҳикоёт ва драмаҳояш «Фиғон» ва романи таърихии «Садди Суғд» (дар ҳамқаламии Леонид Чигрин) дар Эрон (2004) интишор ёфтаанд.

Нахустасари калонҳаҷмаш «Писари Ватан» соли 1981 дар саҳнаи Театри мазҳакаи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯи cаҳна омадааст. Намоишномаи «Ибтидо»-ро соли 1982 коллективи ҳунарии Театри давлатии академӣ драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ манзури тамошобинон гардондааст.

Баъдан асарҳои калонҳаҷми «Пеш аз борон», «Бори каҷ», «Хезед, суд меояд!», «Сафар-Махсум», «Барзуи Шуғнонӣ», «Сафармахсум дар Қаратоғ», «Барзу ва Рустам», «Саргузаштҳои нави Сафар-Махсум», «Як танга тилло», «Спитамен-1» (дар ҳамқаламии Л.Чигрин), «Парвози Шоҳин» (дар ҳамқаламии Р. Ҳодизода), «Агар ҷанг намебуд…» дар театрҳои касбии Тоҷикистон борҳо саҳнагузорӣ шудаанд.

Мазҳакаи халқии «Сафар-Махсум» дар озмуни ҷумҳуриявии «Парасту-93» ба гирифтани Шоҳҷоиза ва дар Озмуни байналмилалии «Наврӯз-93» (дар Ашқобод) ба дарёфти ҷоизаи аввал сазовор гардидааст.

Асарҳои калони саҳнавии «Дидор», «Моҳбону», «Роҳи абрешим», «Як танга тилло», «Дигар Остап магӯедам», «Австан ва Катан», «Занги охирин» ва ғ. маҳсули қалами солҳои охири ӯстанд.

Иддае аз асарҳои адибони машҳур Ги де Мопассан, А. Несин, Тавфиқ-ал-Ҳаким, Г. Марков, В.Сапаев, С. Санбаев, В.Қаюмов, С. Алёшин, Т. Пӯлодов, М. Қориев ва амсоли инҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Қаҳрамонони асарҳои драмавии А. Вампилов «Латифаҳои деҳот», Б. Равенских ва М. Анчаров «Суруди зиндагӣ», Ҷ. Голсуорси «Виҷдон», Ф. Тошмуҳаммадов «Найи сеҳрнок», Г. Соловский «Афғонписар», Р. Озчилик «Бодоми дандоншикан» (дар ҳамқаламии Сайидалӣ Сиддиқ) дар саҳнаи театрҳои касбӣ ва халқӣ рӯи кор омадаанд.

Дар идомаи понздаҳ соли охир бо нависандаи русзабони Тоҷикистон Леонид Чигрин ҳамкории қавии эҷодӣ дошта, дар ин замина силсилароманҳои таърихии «Асрори таърих»-ро дар даҳ китоб рӯи коғаз овардаанд. Аз ин силсила романҳои «Зиндагиномаи Чжан Тсян ё худ Шоҳроҳи Абрешим» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва чинӣ, «Садди Суғд» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, қисман ба ӯзбекӣ, дастраси хонандагон гардидаанд.

Романҳои «Дар домани Тахти Сангин» ва «Матонат» дар як ҷилд, таҳти унвони «Садди Хатлон», соли 2006, ба шарафи 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, рӯи чоп омадаанд.

Романҳои «Озар аз Устурушан ё худ Шамшери Спартак» соли 2006, «Именем закона» соли 2007, романҳои «Венецианец Марко Поло» соли 2009 ва қиссаи «Дневная звезда Имама Аъзама», ки аксар бо ҳамқаламииЛеонид Чигрин низ эҷод шудаанд, соли 2010 аз чоп баромадаанд. Асари охиринашон «Подвиг Эмомали Рахмона» (2011) ба забонҳои русӣ, туркманӣ, белорусӣ аз чоп баромада, дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби се диплом гардидааст.

Ҳамчунин бо ташаббуси ӯ солҳои охир баёзи назму насри адибони муосири туркман, белорус, арман ба забони тоҷикӣ, баёзи назму насри адибони тоҷик ба забонҳои белорусӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва арманӣ тарҷума ва чоп шудаанд.

Соли 1999 сазовори унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», соли 2002 шоистаи медали ҷашнии «10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ» гардидааст.

Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Аз соли 1970 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1979 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аз соли 2005 узви Иттифоқи нависандагони Белорус, аз соли 1997 узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон аст.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37

Copyright © 2017.  All rights Reserved