• Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • Tel: (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ва АДАБИЁТ

СУХАНРОНИҲО...

46ҲАСАН ИРФОН 22 марти соли 1900 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Дар мадраса ва мактаби усули нав таҳсил карда, Курси дусолаи ҳисобдории Петроградро ба итмом расондааст. Соли 1919 дар идораи моҳномаи «Шуълаи инқилоб» тарҷумон будааст. Баъдан раиси корхонаи абрешим, тарҷумони Кумиҷроияи вилояти Самарқанд, раиси чопхонаи Комиссариати халқии заминдории Ӯзбекистон, муаллими забони форсии Донишгоҳи давлатии Самарқанд будааст. Сипас дар колхозу корхонаҳои гуногун иштиғол варзида, соли 1960 ба нафақа баромада, то охири умраш ба кори эҷодӣ машғул гардидааст.

Муаллифи романи маъруфи «Дар кулбаи косибон» (1963) ва қиссаи «Ду ёр аз ду диёр» (1964) мебошад, ки аз ҳар ҷиҳат мумтозу ҷолибанд.

Романи «Дар кулбаи косибон» соли 1970 аз тариқи нашриёти «Советский писатель» (Маскав) ба забони русӣ нашр шудааст.

Фаъолияти эҷодияш ба аввали солҳои сиюми асри мозӣ рост меояд. Тарҷумаи сегонаи М. Горкий «Бачагӣ», «Дар байни мардум», «Университетҳои ман», қиссаи А. Толстой «Ғалла», Б. Полевой «Достони марди ҳақиқӣ», Н. Чернишевский «Чӣ бояд кард?», С. Бородин «Ситораҳо дар осмони Самарқанд» ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Осори алоҳидаи Г. Севунц «Теҳрон», Д. Дефо «Робинзон Крузо», Жюл Верн «Бачагони капитан Грант», Р. Ҷованоли «Спартак», Р. Такур «Завол» ва дигар адибони машҳури оламро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.

Соли 1961ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

22 июни оли 1973 аз олам даргузашт.

СУРОҒА

  • (+992 37) 224-57-37 | (+992 37) 224-57-67
  • Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
  • 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе. хиёбони Исмоили Сомонӣ 8
  • FAX (+992 37) 224-57-37